Ҳафтаи гузашта дар Душанбе гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи дастрасии сокинони Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ ва вобастагии ин амр ба вазъи беҳдоштии шаҳрвандон муаррифӣ шуд. Бино ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш, фақат 57,7 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доштаанд.
Мо ба хулоса расидем, ки собунро дар деҳоти кишвар асосан барои меҳмонҳо нигаҳ медоранд ва сокинони рустоҳо ҳамарӯза аз он истифода намекунанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, ки набуди маводе ба монанди хлор ва вуҷуди вирусҳои мухталиф дар таркиби обҳои Тоҷикистон сабаби афзоиши бемориҳои сирояткунанда, қадпастии сокинони кишвар ва камвазнии кӯдакон сабаб мешаванд. "Истифода аз собун дар шустушӯи даст, ки як кори маъмулии пешгирӣ аз паҳншавии ифлосӣ мебошад, хеле кам мушоҳида мешавад", - гуфтанд муаллифон.
Як сабаби дигари пурмушкил будани бахши гигиенӣ набуди ҳоҷатхонаҳои тозаву муҷаҳҳаз бо оби равон дар муассисаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабҳо будааст. Пажӯҳишгари тоҷик ва яке аз муаллифони ин гузориш Алишер Раҷабов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нукоти муҳими ин таҳқиқотро шарҳ дод.
Бештар бихонед: Баҳои сокинон ба сифати оби Душанбе – олӣ, хуб ё бад?
Алишер Раҷабов: "Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам баланд аст ва тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ ҳудуди 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳолати фақр қарор дорад. Ба ин хотир, мо якҷоя бо таҳлилгарон ва мақомоти тоҷик харитаҳои маҳалҳоеро таҳия кардем, ки дар онҷо бештар афроди нодор зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа, мо ба хулосае расидем, ки мушкили дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ ҳам дар минтақаҳое вуҷуд дорад, ки дар ҳоли фақр зиндагӣ мекунанд ва ҳам дар минтақаҳое, ки аҳолии камбизоат камтар аст. Чунин ҳолатро мо дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ошкор кардем. Мақсади мо ин аст, ки ҳар як созмон натиҷаҳои пажӯҳиши моро барои беҳтар кардани зиндагӣ дар ин манотиқ истифода кунад."
Радиои Озодӣ: Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар пайи надоштани дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ сокинон ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд. Кадоме аз бемориҳоро дар назар доред?
Алишер Раҷабов: "Як бахши муҳими пажӯҳиши мо ба таҳлили таркиби обҳои Тоҷикистон иртибот дошт. Мо ба натиҷае расидем, ки таркиби обҳои Тоҷикистон ба вазъи саломатии сокинон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Барои мо собит шуд, ки маҳз сифати обҳои Тоҷикистон ба қадпастии сокинони кишвар дар канори омилҳои дигар таъсиррасон будааст. Ҳам сифати об ва таъмини беҳдоштӣ сабаб шудааст, ки сокинон ба бемориҳои мухталифи сирояткунанда гирифтор мешаванд. Пажӯҳиши мо собит кард, ки дар таркиби обҳои кишвар меъёри хлор, маводи тозакунии об нисбат ба меъёрҳои байналмиллалӣ хеле паст аст. Умедворем, ки натиҷаҳои пажӯҳиши мо сабаб мешаванд, ки мақомот барои ислоҳи ин вазъ талош мекунанд."
Навор аз бойгонӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Сифати об чӣ гуна метавонад ба қад ва вазни кӯдак таъсир дошта бошад?
Алишер Раҷабов: "Пеш аз ҳама дар пайи тоза нашудани об дар таркиби он метавонанд вирусҳои хатарноке вуҷуд дошта бошанд. Ин амр боис ба бемориҳои дарунравӣ ва шикамдарди кӯдак метавонад шавад. Вируси зардпарвин ё Гепатит низ асосан тавассути об вориди ҷисми кӯдак мешавад. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон маъмул шудааст, ки аз як пиёла ё коса чанд нафар об менӯшанд ва дар сурати бемории як нафар вируси он ба ҳама мегузарад. Ин танҳо масъалаи об нест, балки мушкили беҳдоштӣ ва санитария низ мебошад."
Радиои Озодӣ: Дар ин гузориш зикр шудааст, ки барои беҳбуди вазъи обрасонӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард доллар сармоя зарур аст. Ин воқеият дорад?
Алишер Раҷабов: "Фикр мекунам, ба ин маблағ мо метавонем танҳо корҳои якумдараҷаро анҷом диҳем. Зеро, дар деҳоти Тоҷикистон система ё зерсохторҳои обрасонӣ аслан вуҷуд надорад. Барои ҳалли комили ин мушкилӣ маблағҳои бештар зарур аст, 2 миллиард доллар танҳо барои оғози ин кор зарур мебошад."
Радиои Озодӣ: Аз ин гузориш дарёфтем, ки дар Тоҷикистон мактабҳо низ бо шароити зарурии беҳдоштӣ таъмин набудаанд. Шумо онро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Алишер Раҷабов: "Як бахши пажӯҳиши мо ба мактабҳо марбут буд ва мо талош кардем таъмини об дар мактабҳо ва шароити беҳдоштӣ дар онҳоро таҳқиқ кунем. Натиҷа чунин шуд, ки ин мушкилиҳо дар бештаре аз мактабҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Бахусус набудани собун дар мактабҳои кишвар моро нигарон кард. Ҳарчанд дар Тоҷикистон мо ба хулосае расидем, ки на фақат дар мактабҳо, ҳатто дар бештаре аз деҳот собун аҳёнан истифода мешавад. Мо ҳатто санҷише гузаронидем, ки ба саволи мо “собун дар куҷост?” шахс дар чанд сония посух медиҳад. Бештаре аз пурсидашудаҳо дар ҷавоб ба ин савол мушкилӣ мекашиданд. Мо ба хулоса расидем, ки собунро дар деҳоти кишвар асосан барои меҳмонҳо нигаҳ медоранд ва сокинони рустоҳо ҳамарӯза аз он истифода намекунанд. Ин як сабаби асосии паҳншавии бемориҳо мебошад. Ба ин далел мо ба хулосае расидем, ки дар Тоҷикистон, бахусус деҳоти он фарҳанги истифода аз собунро бояд бештар таблиғ кард. Мушкили дигареро, ки мо дар мактабҳои деҳот мушоҳида кардем, ин буд, ки дар ҳоҷатхонаҳои мактабӣ барои духтарҳои ба синни балоғат расида шароити беҳдоштӣ вуҷуд надорад, ки онҳо тавонанд зарурати беҳдоштии худро таъмин кунанд. Ин амр сабаб шудааст, ки бархе аз духтарҳо ба синни балоғат расида таҳсилро тарк мекунанд."