Лӯлиён бе масҷид монданд. ВИДЕО

Дар пайи баста шудани ду масҷид дар шаҳраки “Сохтмончиён”-и ноҳияи Ҳисор, ки сокинонаш асосан лӯлитаборони маҳаллӣ ҳастанд, анҷоми тоату ибодати дастҷамъӣ дар моҳи Рамазон мушкил шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар як соли охир 222 масҷиди ба бовари онҳо “ғайриқонунӣ” баста шудаанд ва ин ду масҷид ҳам аз ҳамин қабил муассисаҳои худсохт ва ғайриқонунӣ ҳастанд.

Инҳо дар асл масҷид набуданд. Онҳо ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ сабти ном шуда буданд.

Тоҷикистон як давлати дунявӣ аст ва ҳукумат бо тарғиби арзишҳои дунявӣ ва талоши ҷилавгирӣ аз мазҳабишавии ҷомеа назоратро бар зиндагиву боварҳои мардум афзоиш додаааст. Солҳои ахир ҳукумат як қатор тасмимҳое гирифт, ки аз ҷониби мусалмонони кишвар ва созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон ҳамчун нақзи ҳуқуқи мазҳабии мардум танқид шуданд. Дар солҳои ахир намогузории то 18-солаҳо ва занон дар масоҷид мамнуъ шуд ва садҳо масҷид бо далели надоштани муҷаввиз баста шуданд.

Шаҳраки “Сохтмончиён”-и ноҳияи Ҳисор дар 20-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст ва беш аз ҳазор сокини он лӯлитаборанд.

Ахиран мақомот ба далели надоштани асноди ҳуқуқӣ, дари ду масҷиди ин шаҳракро бастаанд, ки барои сокинони маҳаллӣ хидмат мекард. Ин масҷидҳо бахусус дар моҳи шарифи Рамазон пур аз намозгузорон буд. Ҳоло, ба гуфтаи Қаҳҳор Бекназаров, раиси шаҳраки “Сохтмончиён”, фаъол набудани ин ду масҷид дар ҳаёти ҳамарӯзаи сокинон мушкил эҷод мекунад.

Ӯ гуфт, “набудани масҷид дар шаҳрак барои мусалмонон хеле сахт аст, бавижа дар рӯзҳои рамазонӣ, ки имсол ба фасли тобистон рост омад. Сокинон дар хондани маросими ҷанозаву намозгузорӣ ва намози таровеҳ водор мешаванд ба масҷиди дуртар бираванд.”

Масҷиди наздиктарин дар масофаи 3 километр роҳ дар деҳаи дигар ҷойгир будааст ва на ҳамаи намозгузорони рӯзадор метавонанд ба онҷо бираванд. Ҳарчанд, ба гуфтаи бархе аз ҳамсӯҳбатони мо, мақомот ба бархе аз сокинон иҷоза додаанд, ки дар ҳудуди то 15 нафар дар манзили хусусӣ танҳо дар моҳи Рамазон намози таровеҳ бихонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баста шудани ду масҷиди лӯлиён дар Ҳисор

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон гузоштани намозҳои ҷамоат ё гурӯҳӣ дар маҳалли ғайри аз масоҷид манъ карда шудааст. Вале дар моҳи Рамазони гузашта соли Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хондани таровеҳ дар хонаи сокинонро бо иштироки то 10 нафар, иҷоза дода буд. Кумитаи дин он замон гуфт, ки ин тасмим дар пайи муроҷиати намозгузороне сурат гирифтааст, ки масҷид аз маҳалли зисташон дуртар воқеъ аст.

Ҳукми намози таровеҳ дар мазҳаби Имоми Аъзам суннат аст ва дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон баъд аз намози хуфтан адо мешавад. Ҳоло дар аксар масоҷиди шаҳри Душанбе дар намозҳои таровеҳ хатми Қуръони Карим сурат мегирад.

Қаҳҳор Бекназаров гуфт, дар шаҳраки “Сохтмончиён” аксар лӯлитаборон аз роҳи ҷамъоварии оҳанпора ва оҳангудозӣ рӯз мегузаронанд ва дар баробари ин, аз машғулиятҳои ба гуфтаашон суннатӣ ё бобоии худ, мисли фолбиниву талбандагиву табобати мардумӣ даромад мебинанд. Дар ин шаҳрак танҳо як мактаби ибтидоӣ, яъне то синфи чаҳор фаъол аст ва шогирдони бузургтар барои идомаи таҳсил ба деҳаи ҳамсоя мераванд.

Кӯдакони деҳаи "Сохтмончиён"-и Ҳисор.

Қаҳҳор Бекназаров мегӯяд, лӯлитаборон дар имони худ содиқанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳаракату созмонҳои ифротгарову тундгаро шомил нашудаанд ва, ба қавли ӯ, то ҳол ҳеҷ сокинаш коре накардааст, ки хилофи қонун бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонҳои лӯлӣ бечуну чаро даъват дар хидмати сарбозиро пазируфта, дар бисёр ҳолатҳо ихтиёрӣ ба хидмат мераванд.

Дар ҳамин ҳол Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 9-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар солҳои ба истилоҳ “беҳокимиятӣ дар Тоҷикистон” бархе аз сокинон худсарона ба сохтани масҷидҳо машғул шудаанд. “Аммо аз соли 2009, баъди қабули қонуни нави “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, раванди нави танзими фаъолияти масҷидҳо дар кишвар оғоз шуд”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Ҳусейн Шокиров, дар як соли охир дар Тоҷикистон фаъолияти 222 масҷиде, ки ғайриқонунӣ, яъне хилофи низомномаи расмӣ вуҷуд доштанд, ба ҳолати пешина баргардонда шуданд. Вай гуфт, ки бархе аз масҷидҳо қаблан ҳамчун чойхона ё коргоҳҳои хусусӣ сабти ном шуда буданд ва ҳамакнун онҳо вазифадор карда шудаанд, ки тибқи низомномаи худ фаъолият бикунанд.

Ҳусейн Шокиров дар посух ба баста шудани ду масҷиди лӯлиёни шаҳраки Сохтмончиён гуфт: “Инҳо дар асл масҷид набуданд. Онҳо ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ сабти ном шуда буданд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки дубора дар мақомоти зарурӣ сабти ном шаванд ё дар самти оинномавии худ фаъолияти худро идома диҳанд. Қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки танҳо дар ҷойҳои расмии пешбинишуда мусалмонон метавонанд маросими мазҳабӣ анҷом диҳанд.”

Тибқи ҳисобҳои тахминӣ дар Тоҷикистон шумораи лӯлиён ба 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар ноҳияи Варзоб, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор, Панҷакент, Восеъ ва чандин ноҳияи дигар умдатан дар деҳаҳои алоҳида ба сар мебаранд. Ба назари таърихшиносон, лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики дигари Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забон ва дини мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд.

Лӯлитаборони Тоҷикистон, ҳамонгуна, ки лӯлиёни аврупоӣ одат доранд, маъмулан дар ҳамшафати якдигар зиндагӣ карда, аз миёни ҳамдигар арӯсу домод интихоб мекунанд ва дар ҳолатҳои ангуштшумор бо сокинони дигари Тоҷикистон хешу табор мешаванд.