Қабри дастаҷамъии сарбозони шӯравӣ

Лейтенант Ато Бақоев (28.02.1910-27.12.1943) дар рӯйхати қурбониёни ҷанг

Хиромон Бақозода бо писараш дар сари қабри бобояш дар рустои Задвинйеи Ҷумҳурии Белорус. 30 маи соли 2013

Харитаи ҷангҳои шадиди зимистони 1943-1944 дар вилояти Витебски Белорус

Александр Рибаков, раиси шӯрои деҳоти Курино ба Хиромон Бақозода китоби қурбониёни ҷангҳои солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро намоиш медиҳад

Қабри дастаҷамъии сарбозону афсарони шӯравии дар ҷангҳои зимистони 1943-44 кушташуда дар деҳаи Задвинйеи вилояти Витебски Ҷумҳурии Белорус

Маросими таҷлил аз 70-солагии ғалаба бар фашизм дар назди қабри дастаҷамъии низомиёни шӯравӣ дар рӯзи 6 маи соли 2015. Деҳаи Задвинйе, вилояти Витебски Ҷумҳурии Белорус

Дар рӯи санги қабри дастаҷамъӣ исми лейтенант Ато Бақоев ҳам навишта шудааст

Шоир Наримон Бақозода (1935-2009), писари калонии Абулато Бақозода

Номаи Наримон Бақозода ба маъмурияти деҳаи Задвинйе баъди зиёрати нахустини макони дафни падар дар охири соли 1985

Дар қабри дастаҷамъии сарбозони артиши шӯравӣ дар деҳаи Задвинйеи вилояти Витебски Ҷумҳурии Белорус баъди ҷангҳои шадиди зимистони соли 1943 беш аз 600 сарбозу афсар хоксупорӣ шудааст. Яке аз онҳо - афсари тоҷик, журналисти рӯзномаи "Овози тоҷик" Ато Бақоев