Як манбаъ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, ки дар чаҳорчӯби таҳқиқоти кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, як корманди масъули Хадамоти гумрук ҳам боздошт шудааст. Ба қавли ин манбаъ, Фахриддин Бозоров, муовини сардори Раёсати мубориза бо қочоқи гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ду ҳафта қабл аз ҷониби мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулл боздошт шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Бозоров ҳам дар гузашта дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод кор мекард. Дар маҷмӯъ, то имрӯз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошти 7 корманди собиқу амалкунандаи масъул дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасодро тасдиқ кардаанд ва яке аз онҳо Бозоров мебошад.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни 7 нафар боздоштшудаҳо, ду нафари онҳо масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мебошанд.
Иттиҳом ва ё ангезаи дақиқи боздошти Фахриддин Бозоров мушаххас нест. То имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам наздикони ду нафар – Фирӯз Холмуродзода, сардори пешини Раёсати тафтишот ва Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошти онҳоро аз рӯи моддаи “қаллобӣ” ва “сӯиистифода аз мақом” тасдиқ кардаанд. Наздикони ин ду нафар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, эҳтимоли даст ба қонуншиканӣ задани онҳоро рад кардаанд.
Як манбаъ аз Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Фахриддин Бозоров як сол қабл бо дархости Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ба кор дар ин Хадамот гузашт ва дар ибтидо муфаттиши бахши таҳлили раёсати қочоқ (контрабандаи) гумрукӣ ва баъдан муовини сардори ҳамин раёсат мансуб шуд. Ин манбаъ гуфт, ки Фахриддин Бозоров барои фаъолияти чандсолае, ки дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дошт, гӯё “бар асоси баёноти боздоштшудаҳо Фирӯз Холмуродзода, Давлатбек Хайрзода, Фирдавс Ниёзбадалов ба тафтишот кашида шуда ва барои “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон”, айбдор дониста мешавад.
Феълан тасдиқи ин маълумот аз манбаъҳои дигар имкон надорад. Талоши хабарнигори Радиои Озодӣ барои санҷидани дурустии ин хабар аз Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳам натиҷа надод. Ба иттилои масъулини Хадамоти гумрук, ӯ аз сафари корӣ аз Чин барнагаштааст ва эҳтимолан рӯзи 2-юми июн сари кор шавад. Телефони дастии худи Фахриддин Бозоров хомӯш аст.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни 7 нафар боздоштшудаҳо ду нафари онҳо масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мебошанд, ки яке аз онҳо Фахриддин Бозоров ва дуввумӣ Фаридун Беназирзода, муовини сардори минтақавии гумруки вилояти Суғд аст, ки дар оғози моҳи май барои пурсиш ба мақомоти тафтишотии амниятӣ даъват карда шуд.
Тибқи иттилои манобеи наздик ба тафтишот, пас аз додани баёнот ва рӯбарӯкунӣ бо Фирӯз Холмуродзода, Беназирзода ҳам боздошт шудааст. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан Фахриддин Бозоров ва Фаридун Беназирзода ҳам дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар бораи шурӯи боздоштҳои пурсарусадои кормандони собиқу амалкунандаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар моҳи апрел хабарҳо пахш шуд. Вале аз он замон то имрӯз ҳеҷ як сохтори ҳифзи қонун дар ин замина изҳори назар накардааст ва танҳо дар як маврид раиси ин Оҷонсӣ Сулаймон Султонзода ба “Азия-плюс” гуфтааст, ки боздошти ду нафар (Холмуродзода ва Хайрзода) барои “поймол кардани шарафи корманди Оҷонсии зидди фасод”, сурат гирифт.
Тибқи иттилои манобеи мухталиф, таҳқиқи парвандаро муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон ба ӯҳда доранд.