Раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ -- баландпоятарин мансабдорест, ки имсол масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани ришва боздошт кардаанд.
Масъулони раёсати оҷонсии мазкур дар вилояти Суғд мегӯянд, имсол ришвахорӣ байни кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, бахшҳои тандурустӣ, маориф ва бонкӣ дар ин минтақа рӯ ба афзоиш дошт.
Раиси додгоҳи Айнӣ аз сӯи кӣ боздошт шуд?
Мақомот мегӯянд, имсол фасод ва ришвахорӣ байни кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, тандурустӣ, маориф ва бонкӣ рӯ ба афзоиш дошт.
Карим Иброҳимзода, сардори раёсати оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд рӯзи 10-уми август дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, Икром Ҷумъазода, раиси додгоҳи ноҳияи Айниро кормандони гоҳи марказии ин ниҳод бо айби гирифтани пора дастгир кардааанд.
Ӯ гуфт, "нисбати Икром Ҷумъазода аз тарафи дастгоҳи марказии Оҷонсӣ чорабинӣ гузаронида шуд ва барои гирифтани пора аз шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 ифтитоҳ шуд. Ӯ дар ду ҳолат аз як шаҳрванд пора гирифтааст. Дар мавриди аввал 3 ҳазор сомонӣ, дуюм – 500 доллар. Мехостааст бори сеюм ҳам пора бигирад, вале бо сабабҳои номаълум худдорӣ кардааст."
Иброҳимзода афзуд, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси додгоҳи ноҳияи Айниро раёсати тафтишотии оҷонсӣ дар Душанбе пеш мебарад. Қаблан манобеъ маблағи ришваи гирифтаи ин раиси додгоҳро 16 ҳазор доллар гуфта буданд.
Баъд аз дастгир шудани Икром Ҷумъазода, рӯзи 30-юми июл раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба сабаби "содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз вазифааш барканор кард.
Шоеаҳо дар бораи вазъи саломатии Ҷумъазода
Баъд аз тахминан 10 рӯзи боздошташ, рӯзи 6-уми август хабаре ҳам дар шабакаи интернет паҳн гардид, ки ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ (СИЗО) - и рақами 2-и Хуҷанд хеле бад шуда, зимни интиқол ба бемористони ин шаҳр ҷон додааст.
Вале масъулони раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хуҷанд ин шоеаҳоро рад карданд. Ба қавли онҳо, Ҷумъазодаро кормандони дастгоҳи марказии ин оҷонсӣ дар ноҳияи Айнӣ дастгир намуда, мустақиман ба Душанбе бурдаанд.
Рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ аз додгоҳи ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хабари фавти Ҷумъазода ҳақиқат надорад, вале дар бораи парвандаи ӯ чизе гуфта наметавонанд.
Вале як мусоҳиби Радиои Озодӣ бидуни ифшои номаш гуфт, ки ҳоли Ҷумъазода баъди боздошташ ва вақти бурдан ба Душанбе дар роҳ бад шуда, ба ҳолати "беҳушӣ" (кома) афтодааст. Ба қавли манбаъ, дар пай ӯро ба бемористон бурдаанд ва зери назари табибон қарор дорад.
"Коррупсия рӯ ба афзоиш аст"
Кормандони раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза дар вилояти Суғд дар 6 моҳи аваали соли равон 325 ҷиноятҳои марбут ба ва фасоди молӣ ва қтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор кардаанд, ки 130 ададаш ҷиноятҳои вазнин мебошанд. Маблағи зарари расида беш аз 25 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, ҳудуди 70 дарсад ё наздики 20 миллиони он рӯёнида шудааст.
Карим Иброҳимзода, сардори ин раёсат гуфт, имсол фасод ва ришвахорӣ байни кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, тандурустӣ, маориф ва бонкӣ рӯ ба афзоиш дошт. Вале ӯ гуфт, даст задани мансабдори баландпояе ба фасоду ришвахорӣ ошкор нашуда ва дастгир нагардидааст. Афроди боздоштшуда кормандони сатҳи поин ва миёнаи ҳукумат мебошанд.