Мегӯянд, риояи қоидаи роҳ на танҳо як қоида, балки як фарҳанг аст – фарҳанги рафтор дар кӯчаву хиёбонҳои сермошин, ки ҳадди аққал ду ҷониб дорад – яке пиёдагарду дигаре мошинсавор. Нозири роҳ, як ширкатдори дигари ин ҳама ҷараёнҳо, аз назорат ва ҷилавгирии қонунвайронкуниҳо дар роҳ машғул аст. Ҳамин нозирони роҳ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон имсол ҳадди аққал 200 ҳазор нафар барои вайрон кардани қоидаи роҳ ҷарима ва аз 40 кас як нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Агар мавзӯи нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби мошинҳо як масъала бошад, масъалаи хеле ҷиддӣ – тарзи рафтори пиёдагардон будааст. Нозирони ботаҷрибаи роҳ мегӯянд, ки убури роҳ дар макони манъшуда, нодида гирифтани хати махсуси пиёдарав ба ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳои хатарнок ва чароғаки роҳ – аз маъмултарин ҳодисаҳо аст, ки ҳар лаҳза барои пиёдагардон хатари ҷонӣ дорад. Вале боз ҳам осемасариву одати таваккал ба Худо, бисёриҳоро ба интихоби сабуки убури роҳ тела медиҳад
Абдураҳмон, як ҷавони 21-сола дар пеши чашми наворбардори Радиои Озодӣ бо хатари ҳар лаҳза зери ҷархи мошин мондан, аз роҳе, ки убураш барои пиёдагардон мамнӯъ аст, гузар кард. Абдураҳмон гуфт, ки роҳи пиёдагард дар масофаҳои дур қарор дорад, аз ҳамин хотир нахост худро заҳмат дода аз рӯи қоида амал кунад.
Ҳаракати бебандубори раҳгузарҳо
Ронандагон мегӯянд, ҳаракат дар хиёбонҳои Душанбе то рафт мушкилтар мешавад, чунки шумори мошинҳо зиёд шуда, раҳгузарҳо бебандубор ҳаракат мекунанд. Ногаҳон давида баромадани як инсон аз пеши роҳи мошин, ронанда, мусофирони ӯ ва ҳам худи пиёдагардро бо хатар рӯбарӯ мекунад.
Нурмуҳаммад Гулмуҳаммадов, як ронандаи собиқадор мегӯяд, ҳамеша аз пиёдагардон нигарон аст. Ӯ мегӯяд, ҳолатҳое мешавад, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва ҳаннгоми аз роҳ гузаштанд, чароғаки сурхро нигоҳ намекунанд, ки ин албатта ба ҳаракати мошинҳо халал ворид мекунад. Ба гуфтаи вай, ҷойҳое ҳаст, ки роҳҳои зеризаминӣ дорад ва мардум бояд аз он истифода баранд, аммо мардум шояд аз танбалӣ ва ё аз саросемагӣ аз он истифода намебаранд: "Бо ин корашон ҳам ҷони худро дар хатар мемонанд ва ҳам ҷони дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро. Мо ҳамавақт аз ҳаракати пиёдагардон дар ташвиш ҳастем. Намедонам, ки аз онҳо чиро бояд интизор шуд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
На ҳамаи пиёдагардон ба иддаои ронандагон розианд. Фотима як донишҷӯдухтар мегӯяд, бархе ронандаҳо ҳатто дар роҳгузарҳо бо вуҷуди сурх будани чароғак, ба пиёдагардон роҳи гузаштан намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ронандагон танҳо дар маконҳое ба пиёдагардон роҳи гузаштан медиҳанд, ки он ҷо камераҳои назоратӣ насб шудааст.
"Ба болоят ҳаракат мекунанд..."
«Мушкилӣ мекашем. Ҳаст нафароне, ки роҳ медиҳанд. Масалан як муйсафед сину солаш калонтар буд, қариб ба рӯямон гузарад. Инхел одамон ҳам бисёр ҳастанд. Нафарони зиёдаш роҳ намедиҳанд ва ба болоят ҳаракат мекунанд. Мушкилӣ зиёд аст. Ҳамон муйсафед дар роҳи пиёдагард қонунвайронкунӣ кард. Нисфи мошинҳо роҳ доданд, ҳамон муйсафед накард», - гуфт Фотима.
Танҳо дар шаҳри Душанбе 265 садамаи нақлиётӣ рух додаст, ки дар пайи он 44 нафар ҳалок ва 69 нафар маҷрӯҳ шуданд. БДА дар 75 ҳолати ин садамаҳо пиёдагардонро гунаҳкор медонад.
Марде, ки одат дорад ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунад, мегӯяд, риояи қоидаи роҳ ҳам як фарҳанг аст – фарҳанги рафтор дар кӯчаҳои сермошин ва дар баъзе кишварҳои пешрафта, назири давлати аврупоӣ эҳсос мекунад, ки ҳамин фарҳанг дар мардуми Тоҷикистон ҳанӯз заъиф аст.
Вай мегӯяд, агар дар як кӯчаи Прага -- пойтахти Чехия чароғак сурх бошаду кӯча бемошин – ҳеҷ гоҳ пиёдагард қоидаро вайрон намекунад, балки мунтазир мемонад, ки чароғи сабз рӯшан шавад, Чӣ монад ба давутоз дар хиёбони сермошин ва маконҳои мамнӯъ! Вай мегӯяд, ҳаракат дар роҳ бояд ҷузве аз барномаҳои дарсӣ дар мактабҳо бошад, то ки аз хурдӣ атфоли тоҷик ба эҳтироми қонун, аз ҷумла қонуни роҳ, одат кунанд.