Мақомоти шӯрои вилояти Сарипул дар наздикии шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон хабар доданд, ки ноҳияи Куҳистонот субҳи рӯзи сешанбе суқут кард ва ба тасарруфи Толибон даромад. Аъзои ин Шӯро рӯзи гузашта ҳушдор дода буданд, ки баъд аз суқути Қалъаи Шаҳр, маркази вулусволии Кӯҳистонот низ ба суқут рӯбарӯ хоҳад шуд.
Асадуллоҳ Хуррам, узви Шӯрои вилояти Сарипул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин минтақа субҳи имрӯз ба дасти Толибон афтодааст. Вай гуфт, ки онҳо пеш аз ин нерӯҳои давлатиро аз эҳтимоли суқути ин вулусволӣ дар ҷараён гузошта буданд: "Сад дарсад эҳтимоли суқуташ мавҷуд буд. Садои моро касе нашунид. Билохира субҳи имрӯз суқут кард. Пулиси маҳаллӣ баъд аз суқути Қалъаи Шаҳр, бидуни даргирӣ ақибнишинӣ карда ва худро аз ин минтақа берун кашиданд."
Оқои Хуррам афзуд, ки бо суқути вулусволии Куҳистонот, ҳама минтақаҳои вилояти Сарипул суқут хоҳанд кард. Вай гуфт, ки "шоми гузашта деҳаи Чиҳилчоҳ суқут кард ва боқӣ деҳаҳо, ки 12 қаря мебошанд, бидуни даргирӣ минтақаро раҳо карданд. Толибон субҳи имрӯз дар вулусволиҳо ҷобаҷо шуданд."
Муҳаммад Осиф Ҷабборхел, фармондеҳи амнияти вилояти Сарипул дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ низ таъйид кард, ки Куҳистонот суқут кардааст: "Баъд аз се рӯзи муқовимати нерӯҳои афғон, шаби гузашта ин вулусволӣ суқут намуд ва Мир Аълам, фармондеҳи пулиси вилояти Кӯҳистонот бо 18 тан аз афродаш бо ҳанӯз бедарак буда ва аз сарнавишти онҳо то ба ҳол хабаре нест. Аммо нерӯҳои боқимонда ба тарафи маркази вилоят дар ҳоли ақибнишинӣ мебошанд."
Фармондеҳи нерӯҳои амниятии вилояти Сарипул дар мавриди талафони ин даргириҳо гуфт, ки танҳо як нафар захмӣ шудааст. Аммо Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ кард, дар як паёми катбӣ навиштааст, ки дар ин даргирӣ 13 мошини нерӯҳои пулис ҳамроҳ бо таҷҳизоти ҷангӣ ба дасти Толибон афтодааст. Ин дар ҳолест, ки Ҳасан Арбоб, фармондеҳи пулиси маҳаллии деҳаи Қалъаи Шаҳри Куҳистонот бо гурӯҳи саднафарии худ рӯзи гузашта ба Толибон пайваст.
Дар ҳамин ҳол генерал Абдулрашид Дустум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон ба Форёб -- вилояти ҳамҷавори Сарипул рафтааст, то амалиёти нерӯҳои давлатӣ бар зидди Толибонро раҳбарӣ кунад.
Генерал Абдулрашид Дустум -- муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур -- волии вилояти Балх ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ -- муовини раиси иҷроияи Афғонистон ба хотири поксозии шимоли кишвар эътилоф таъсис кардаанд. Ин фармондеҳону сиёсатмадорони зодаи шимоли Афғонистон мехоҳанд, ки минтақаро аз ситезаҷӯён пок кунанд.
Генерал Дустум охири ҳафтаи гузашта ба гурӯҳҳои мустақар дар вилоятҳои шимолӣ як ҳафта вақт дод, то ки таслим шаванд ва ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайванданд.
Дар Тоҷикистон ҳам аз чунин вазъ дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки ба марзи кишвар наздиктар аст, нигаронанд. Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки 18 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, "моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамммарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд."
Вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳри Уфа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амнияти марзи муштарак миёни ду кишварро матраҳ намуда ва хостори ҳамкории муштарак дар ин замина шудааст. Ӯ гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон омодагӣ ва тавони мубориза бо ҷангиёнеро, ки гуфта мешавад дар вилоятҳои шимолии Афғонистон гирд омадаанд, доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад