Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 кушта дар ҳамлаи маргталабона дар бозори Алмор


Форёб. Акс аз бойгонӣ
Форёб. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як бозори пуриздиҳом дар шимоли ин кишвар худро таркондани як бомбгузори маргталаб дастикам 15 кушта ба ҷо гузошт. Волии Форёб Абдулсаттор Бориз гуфт, дар байни қурбониёни ҳамлаи рӯзи 22 июл дар вулусволии Алмор занону кӯдакон ва дастикам як сарбози афғон ҳам ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шудаанд.

Муовини фармондеҳи пулиси минтақа Барёлай Башарёр гуфт, “ҳамлагар нирӯҳои низомии мустақар дар ин минтақаро ба ҳадаф дошт, вале аксари қурбониён мардуми мулкии бегуноҳанд.” Ягон гурӯҳ то ҳол масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст. Толибон ва гурӯҳҳои дигари ҷангии исломӣ ҳамлаҳояшон дар Афғонистонро дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG