Дуо ва ниёиши Бенедикти 16 дар Амрико

Попи Рум Бенедикти 16 ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш

Попи Рум Бенедикти 16, ки нахустин бор аз ИМА боздид кард, дар шаҳри Вошингтон дуо ва ниёиши ҳамагона барои даҳҳо ҳазор нафар доир кард.

Попи Рум зимни суханрониаш эълом дошт, ки аврупоиҳо дар ҷустуҷуи зиндагии беҳтар ва иҷрои орзуҳои худ ба Амрико муҳоҷир шудаанд, аммо вай афзуд, на ҳама шаҳрвандон, аз ҷумла аксарияти хиндуҳо ва сиёҳпустон, чунин орзуи худро тавонистаанд амалӣ кунанд.

Бенедикти 16 ба ҳозирин гуфт, калисои католикӣ як марҳалаи сарнавиштсозро таҳаммул мекунад ва болои баъзе мавзуҳои нигаронкунада ба мисоли ҷанҷолҳои озори ҷинсии кудакон аз ҷонибӣ ходимони калисои католикӣ, ки дар саросари ИМ рух додаанд тамаркуз кард. Раҳбари католикҳои ҷаҳон ҷамъшудагонро водор кард ки калисо барои ҳали ин мушкил тамоми кушишашро ба харҷ медиҳад.

Вай гуфт, “барои ҳали мунсифона ва росткоронаи вазъи фоҷеъаовари ба амаломада ва барои мутмаъин шудан ки кудакон, ки онҳоро Худованд аз ҳама бештар дуст медорад ва онҳо бузургтарин ганҷинаи моянд, имкон доранд дар муҳити амн ба воя расанд, калисо кушишҳои бузург ба харҷ медиҳад. Ин талошҳо барои ҳифзи кудакон бояд идома ёбанд. Ман ҳамаи шуморо даъват мекунам ҳар чи ки аз дастатон биёяд барои парастиш, табобат ва мусолиҳаи озордидагон анҷом диҳед ва ба онҳо дасти ёри дароз кунед. Ман инчунин аз шумо хоҳиш мекунам руҳониёнатонро дуст доред.”


Бенедикти 16 рафтори ношоистаи руҳониён дар баробари наврасонро маҳкум намуда гуфт, ин иқдом сабаби дарду таассуфи беҳамто гашт ва аз ҳамаи католикҳо ва руҳониён хоҳиш кард ба кудакони озордида муҳаббату таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.

Гуфта мешавад, дар майдоне, ки дуо дар он баргузор шуд, барои зиёрати раҳбари калисои католикӣ дастикам 45 ҳазор пайравони ин равияи дини насронӣ гирди ҳам омад будаанд. Попи Рум бо забони англиси ва баъдан бо забони испани суханрони кард.

Қарор аст акнун Бенедикти 16 ба Ню Йорк омада дар СММ суханронӣ кунад.