Дар ин сафари 6-рӯза вай дар маҷмаъи умумии СММ суханронӣ хоҳад кард ва дар Кохии сафед меҳмони раисҷумхури Амрико Ҷорҷ Буш ва ҳамсари ӯ Лора хоҳад шуд.
Барномаи сафари Бенедикти 16 ба ИМА вохӯрӣ ва мулоқотҳои зиёдро дар бар мегирад, аз ҷумла Попи Рум бо донишҷӯёни донишгоҳҳо, мадрасаҳои католикӣ, мубталоёни маризиҳои сангин, сиёсатмадорон, ва сокинони Вошингтону Ню-Йорк мулоқот карданист.
Қарор аст Попи Рум дар ду намози дастаъҷамъӣ , ки дар Вошингтону Ню-Йорк бо иштироки ҳазорон нафар баргузор мегарданд, ширкат варзад. Яке аз чунин намозҳо дар бузургтарин стадиони Ню-Йорк “Янкис” доир хоҳад шуд.
Бино бар иттилоъи расмӣ, зимни сафараш ба Ню-Йорк Бенедикти 16 аз маҳалли собиқ Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ низ боздид намуда, дар ҳаққи қурбониёни фоҷиъаи 11-уми сентябри соли 2001 дуо хоҳад кард.
Дар пешорӯи боздидаш аз ИМА Попи Рум дар суханронии дирӯзааш дар Ватикан гуфт, ки сафари вай ба нафъи эҳёи маънавии тамоми амрикоиҳо хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин ақидаанд, ки сафари Попи Рум ба Амрико мақсадҳои ҳам динӣ ва ҳам сиёсиро дар бар мегирад. Аҳолии католикии ИМА, ки беш аз 33 дарсадашро испанизабонҳо ташкил медиҳанд, ба ин боздиди Бенедикти 16 таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарду довталаби ҳизби демократӣ ба мақоми раёсатҷумҳурии ИМА Ҳиларӣ Клинтон ва Барак Обама изҳор намудаанд, ки иҷозати сақати ҷанинро тарафдорӣ мекунанд.