Мизони ришвахорӣ дар саросари ҷаҳон

Рӯзи чаҳоршанбе Трансперенсӣ Интернешенал ё созмони Шаффофияти Байнулмиллалӣ гузориши солонаи худро зери унвони "Мизони ришвахорӣ дар саросари ҷаҳон" ба нашр расонд.
Дар ин гузориш омадааст, ришвахорӣ эътимоди ҷомеа ба бисёре аз ҳукуматҳоро аз байн бурдааст. Бино ба назархоҳиҳои анҷомгирифта, ҳатто дар давраи бӯҳрони сартосарии молӣ, ришвахорӣ бештар аз ҳама ба табақаи нодори ҷомеа зарба задааст.

Гузориши Трансперенсӣ Интернешенал барои соли 2009 нишон медиҳад, ки дар бисёре аз кишварҳо бахши хусусӣ бо истифода аз шеваҳои ришвахорӣ ба сиёсати иҷтимоъӣ таъсир расондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки хонаводаҳои нодори ҷомеъа ҳамчунон аз ришвадиҳии хурду реза осеб мебинанд. Соли ҷорӣ гузориши Трансперенсӣ Интернешенал ба ришвахорӣ ихтисос дошт ва он зери номи "Мизони ришвахорӣ дар саросари ҷаҳон" ба нашр расид. Барои таҳияи ин гузориш созмони мазкур дар 69 кишвар дар бо 73 000 нафар назарпурсӣ анҷом дод.

Аммо дар ин гузориш дар бораи ришвахорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва дар Афғонистону Ироқ, чизе гуфта нашудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ назорат заиф шудааст ва ришвахорӣ густариш пайдо кардааст.

Миклош Маршал, раҳбари минтақаии Трансперенсӣ Интернешенал барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд, сабаби густариши ришвахорӣ на танҳо набуди назорати давлатӣ, балки фаъолияти суолбарангези бонкҳо ва муассисоти молии ҷаҳонӣ дар чанд соли ахир низ мебошад. Миклош Маршал дар мусоҳибаи худ бо радиои Озодӣ гуфт, дар бисёре аз кишварҳо рӣ мардум беш аз пеш дар бораи ришваву ришвахорӣ ё ришвадиҳӣ фикр мекунанд, чун идораи умури давлатӣ заъиф шудааст. Оқои маршал мегӯяд, ҳоло эътмоди онҳо ба бахшҳои хусусӣ аз байн рафтааст:

"Нисбат ба солҳои пеш ҳоло бо сабабҳои гуногун эътимоди ҷомеа ва бовариаш ба бахшҳи хусусӣ камтар шудааст. Ин паёми муҳиме ба бахши хусусист. Ба ҳамин далел мардум на танҳо аз ришвахорӣ дар бахши хусусӣ ризо нестанд, балки беш аз пеш масъулияти бахши хусусиро низ дарк мекунанд".

Аз 73 000 нафаре, ки дар назархоҳӣ ширкат ҷустаанд, нисфашон бовар доранд, ки бахши хусусӣ дар кишварҳои онҳо ришвахор аст ва онҳо ришвахориро барои таъсир расондан дар тасмимгириҳои давлатӣ истифода мекунанд. Дар гузориш омадааст, чунин равиш ба вижа дар кишварҳои Шӯравии пешин маъмул аст. Дар миёни ин кишварҳо ришвахорӣ бештар дар Озарбойҷону Арманистон ривоҷ пайдо кардааст ва онҳоро ҳатто бо кишварҳое чун Угандаву Камбоҷа ва Сиэра Леон дар як поя гузоштаанд.

Тибқи гузориши Тарансперенсӣ Интернешенал, аз 23 то 49 дарсади пурсидашудагон дар Арманистону Озарбойҷон ва Русия гуфтаанд, ки ришвахории хурду реза аз мушкилиҳои бузурги ҷомеаи онҳост, ки онҳо ҳар вақт бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Миклош Маршал дар бораи Арманистону Озарбойҷон чунин мегӯяд, "дар ҷавоб ба суоли мустақим, ки "Оё шумо ҳамчун шаҳрванд дар давоми як соли ахир боре ришва додаед?" дар Озарбойҷон 46 дарсад ва дар Арманистон 43 дарсад гуфтанд, ки ришва додаанд. Сатҳи ришвахорӣ дар ҷаҳон 13 дарсадро ташкил медиҳад. ба ҳамин далел мо метавонем бигӯем, ки дар ин ду кишвар ришвахорӣ ба беморӣ табдил ёфтааст".

Бисёре аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо барои мубориза бо ришвахорӣ заминаи қонунӣ надоранд. Дар гузориш ишора шудааст, ки дар бисёре аз кишварҳо ниҳодҳои додгоҳӣ дар паси ришвахориҳои бахши хусусӣ қарор доранд. Дар ҷараёни назархоҳӣ пурсидаанд, ки оё онҳо аз ширкатҳое, ки корашонро бо ришвахорӣ пеш мебаранд, маводу коло харидорӣ мекунанд, нисфи онҳо гуфтаанд, ки чораи дигар надоранд, ҷуз ин ки колои онҳоро харидорӣ кунанд.