Тоҷикони панҷ деҳа дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон бо нашри номае хостори расидагӣ ба мушкили мактабҳои тоҷикӣ ва камбуди омӯзгорон шуданд. Онҳо гуфтаанд, ки аз эҳтимоли баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва аз таълим дур мондани фарзандони худ нигарон ҳастанд.
"Овози тоҷик": Номаи беш аз сад нафар
Тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Сурхондарё ва дигар манотиқи Узбекистон зиндагӣ мекунанд.
Номаи беш аз 100 сокини рустоҳои Пском, Чакак, Полвонак, Испай ва Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқ дар рӯзномаи "Овози тоҷик" нашр шуд, ки дар Узбекистон чоп мешавад. Аҳолии тоҷикнишини ин рустоҳо мегӯянд, камбуди омӯзгорони тоҷикзабон фаъолияти баъзе аз мактабҳои тоҷикиро дар ин минтақа душвор кардааст.
Барои фарзандони тоҷикони Узбекистон дар ин кишвар мактабҳои тоҷикӣ фаъолият мекунад, ки солҳои ахир бо мушкили норасоии омӯзгорон рӯ ба рӯ ҳастанд. "Агар мушкили тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ баррасӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо вуҷуд дорад", - гуфта шудааст дар нома.
Мавзӯъ барои суҳбати Раҳмон ва Мирзиёев?
Ин аввалин дархости ошкорои тоҷикони Узбекистон дар 25 соли ахир аз ҳукумати ин кишвар аст, ки хостори беҳбуди сифати таълим ба забони модарии худ шудаанд. Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов шумораи мактабҳои миёна ба забони тоҷикӣ шадидан коҳиш ёфт ва дар мактабҳои олии ин кишвар шумори факултаҳое, ки ба забони тоҷикӣ дарс медоданд, хеле маҳдуд шуд.
Вале аксари тоҷикон аз ошкоро матраҳ кардани ин масоил худдорӣ мекарданд ва тарҷеҳ медоданд, ки фарзандонашон на дар риштаҳои тоҷикӣ, балки узбакӣ ё русӣ таҳсил кунанд. Сокинони ноҳияи Бӯстонлиқ дар номаи худ гуфтаанд, ки дар амри ҳал шудани мушкили мактабҳои тоҷикӣ ба сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори имсол ва мулоқоти ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон умеди зиёд доранд.
Онҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд ин мавзӯъ дар қатори масоили муҳими дигари ду кишвар баррасӣ ва ҳалли худро ёбад.
Қарсак аз ду даст
Як сокини деҳаи Чакаки Узбекистон бидуни бурдани номаш рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо аз номаи саркушода ҷиддӣ гирифтани мушкили норасоии кадрҳо, на танҳо аз тарафи Узбекистон, балки аз ҷониби Тоҷикистон низ ҳаст. Онҳо мехоҳанд, Душанбе ҳам барои роҳандозии шӯъбаҳои тоҷикӣ дар муассисаҳои оливу миёнаи Узбекистон бо роҳи сафарбар кардани омӯзгорони соҳибтаҷриба ба ин кишвар мусоидат кунад.
Дар ин нома, инчунин, дархост шудааст, ки дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Чирчиқ барои омода кардани омӯзгорони мактабҳои тоҷикии вилояти Тошканд гурӯҳҳои тоҷикӣ роҳандозӣ шаванд.
Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигор ва таҳлилгари маҳаллӣ, рӯзи 23-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта донишкадаи омӯзгории шаҳри Ангрени вилояти Тошканди Узбекистон барои муассисаҳои таълимии рустоҳои тоҷикнишин мутахассис омода мекард. Аммо баъдан шӯъбаи тоҷикӣ дар ин муассисаи олӣ ҳам баста шуд.
"Барои такмили ихтисос ба Исфара мерафтанд"
Фарғонӣ гуфт, ҳарчанд барои омӯзгорон дар ноҳияи Сух шароити такмили ихтисос камубеш вуҷуд дорад, аммо омӯзгорони ноҳияи Бӯстонлиқ ин имконро надоранд. "Солҳои пеш ҳатто омӯзгорон барои табодули таҷриба ва ё такмили касби худ ба ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳам мерафтанд", - афзуд ӯ.
Омӯзгорони тоҷик дар минтақаҳои Узбекистон мегӯянд, ки аз як тараф норасоии кадр ва аз тарафи дигар аз таълим қафо мондани наврасон онҳоро ба мактабҳои дигар мебарад. Дилдора Абдуллоева, як омӯзгори мактаби тоҷикӣ дар Узбекистон, гуфт, муроҷиати ахир бонги хатари онҳост ва ба раҳбарони Узбекистону Тоҷикистон равона шудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт: "Ин нома роҳбарияти Узбекистонро ташвиқ мекунад, ки бар асоси қонуни асосии кишвар амал карда, барои рушди забон ва фарҳанги мардуми мухталифи Узбекистон шароити созгор фароҳам биёрад."
Тоҷикон дар Узбекистон дар шаҳру вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Намангон, Сурхондарё ва манотиқи дигар зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравӣ, дар Узбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, вале дар 25 соли ахир шумори ин мактабҳо коҳиш ёфт.
Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд.
Қарор аст, аввали баҳори имсол Шавкат Мирзиёев бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон биояд. Аз қабл гуфта шудааст, ки ду кишвар нияти имзои даҳҳо созишномаи нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои фарҳангу маорифро доранд.