Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷикҳову узбакҳо дар боздоштгоҳи Тюмен


Акси Фарид (Фаридун) Давлатов, яке аз эътирозгарон
Акси Фарид (Фаридун) Давлатов, яке аз эътирозгарон

Як гурӯҳи боздоштшудаҳо аз Тоҷикистону Узбакистон дар боздоштгоҳи ФМС дар шаҳри Тюмен мегӯянд, ки бо талаби шароити беҳтар даст ба эътироз задаанд.

Як гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон, ки дар боздоштгоҳи ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - дар шаҳри Тюмен дар интизори ихроҷашон аз қаламрави ин кишвар қарор доранд, мегӯянд, аз рӯзи 10 июл боз бо талаби шароит ва муносибати беҳтар даст ба эътироз задаанд. Яке аз онҳо ба нишони эътироз рагҳои дасти худро бурида, бақия гуруснанишинӣ эълон кардаанд.​

Фарид (Фаридун) Давлатов, нафаре, ки мегӯяд, ба нишони эътироз рагҳои дастонашро буридааст, рӯзи 13 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин эътироз 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 4 тани дигар аз Узбакистон ширкат доранд: "Мо талаби зиёде надорем. Мо аз мақомоти боздоштгоҳи ФМС танҳо мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои гармо ба мо иҷозати сайругашт бидиҳанд. Дар фасли гармо рӯзи дароз дар камера истодан тоқатфарсост, дами одам мегирад. Талаби дигари мо муносибати инсонитар аз тарафи зиндонбонҳост."

Талоши Радиои Озодӣ барои дарёфти тасдиқ ё тардиди ин хабар аз тарафи мақомоти ФМС-и вилояти Тюмен натиҷа надод.

Фарид Давлатов, ки дар Тюмен ба воя расидааст ва такси меронд, рӯзи 15 апрели соли равон бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия дастгир шуд. Додгоҳи Тюмен рӯзи 24 июн ҳукм баровард, ки Фаридун Давлатовро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Аммо ӯ ба ин далел ки шаҳрванди Тоҷикистон нест, аз ин ҳукм шикоят бурдааст.

Манзура Давлатова, модари Фарид, ба Озодӣ гуфт, писари ӯ ҳанӯз дар соли 2005 худро аз сабтином дар Тоҷикистон берун оварда, вале дигар дар Тюмен дар ҷое сабти ном накарда буд. Ин ҳолат Фарид Давлатовро ҳоло дар як ҳолати муаллақ қарор додааст, чунки Тоҷикистон, ба ин далел ки ӯ дар ин кишвар сабти ном надорад, аз пазируфтанаш сарпечӣ мекунад, вале мақомоти Русия пойфишорӣ доранд, ки бояд ҳукми додгоҳро, ки ҳузури ин ҷавони 26-соларо дар қаламрави Русия “ғайримақбул” донистааст, иҷро кунанд.

Манзура Давлатова мегӯяд: "Духтарам низ ҳаминҷо ба воя расид ва мо аллакай мехостем ба Душанбе баргардем. Вале Фаридро боздошт карданд ва бозгашти мо ҳам ба таъхир афтод. Охир мо наметавонем, ӯро партофта, худамон баргардем."

Абдулло Каримов, раҳбари “Пайванд” – ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Тюмен, ба Озодӣ гуфт, дар боздоштгоҳи ФМС беш 20 аз шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири ихроҷ буданд ва “ҳамаашон ба далели беҳуҷҷатӣ. Меоянд, 5 сол, ҳатто 10 сол дар инҷо беҳуҷҷат кору зиндагӣ мекунанд. Ахиран маслиҳат карда, 8 нафарашро фиристодем ба Тоҷикистон. Ҳуҷҷатҳои 5 нафари дигарашро ҳам омода кардаем ва ҳамин шабу рӯз мефиристем. Танҳо 6 нафар мемонад аз бачаҳои тоҷик дар ин боздоштгоҳ, чунки таҳияи ҳуҷҷатҳояшон вақт талаб мекунад.”

Ӯ гуфт, бо мақомоти консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки вилояти Тюмен таҳти пӯшиши он қарор дорад, кор карда истодаанд, то дар масъалаи Фарид Давлатов низ як роҳи ҳал пайдо шавад: “Мо гуфтем, ки дар Тоҷикистон сабти ном надошта бошад ҳам, ӯ як тоҷик аст ва коре кунем, ки ин ҷавонро ҳам ба Ватан баргардонем.”

Ин нахустин мавриди эътироз дар боздоштгоҳҳои ФМС, ки бо номи “зиндони муҳоҷирон” маъруф шудаанд,нест.

Дар моҳи феврал 8 муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Украина ба нишони эътироз ба шароити боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ дар минтақаи «Новая Москва» қасди худкушӣ карда ва рагҳои дастони худро буриданд. Аксари онҳо бо ҷурми убури ғайриқонунии марзҳои Русия ва кору иқомати ғайриқонунӣ дар ин кишвар дастгир шуда, муддати тӯлоние мунтазири баррасии парвандаи ихроҷ ба кишварҳои зодгоҳашон буданд.

Дар моҳи март Олга Кириллова, раҳбари раёсати ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар шаҳри Маскав гуфт, ин боздоштшудаҳо ”дар асл, онҳо рагҳои дасти худро набуридаанд, балки танҳо чунин вонамуд (имитатсия) кардаанд,” вале бо ин вуҷуд 15 раҳбари боздоштгоҳро дар вокуниш ба ин эътироз барканор карданд.

XS
SM
MD
LG