Бартанг: мактаби нав нимсохта монд

Толибилмони мактаби деҳаи Бағуйи минтақаи Бартанги ноҳияи Рушон тирамоҳи соли гузашта пас аз бунёди бинои нав аз таҳсил дар манзилҳои сокинони ин деҳа раҳоӣ ёфтанд ва бо як ҷаҳон шодӣ ба саҳни мактаби нав қадам гузоштанд.

Танҳо раҳбари ин мактаб Худойназар Элчиев аз сифати пасти бинои мактаб ва аз лоиҳа берун кардани майдончаи варзишӣ изҳори норозигӣ намуда, аз шуъбаи маориф ва ҳукумати ноҳия тақозо кард, ки то ин нуқсонҳо бартараф нашавад, аз ифтитоҳи мактаб худдорӣ шавад. Вале чун касе аз мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ба шикояти ӯ гуш надод, Худойназар Элчиев ба нишони эътироз аз вазифаи раҳбарии мактаб истеъфо дод.

Дар суҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ Худойназар Элчиев гуфт, баъдан дар натиҷаи анҷоми як санҷиш бо кумаки мутахассисони маҳаллӣ равшан гардид, ки ширкати сохтмонии «Корвон», ки бинои нави мактабро сохтааст, беш аз 70 ҳазор сомониро ба таври номаълум сарф кардааст. Вай афзуд, моҳи сентябр вақте ки ҳануз нисфи корҳои бино анҷом нашуда буд, ки роҳбарони ширкати сохтмонӣ гуфтанд, ки маблағи ҷудошуда тамом шудааст. Онҳо аз сокинони деҳа бепул чубу тахта гирифтанд, вале корҳоро мувофиқи лоиҳа анҷом надоданд, яъне на майдочаи варзишӣ сохтанд ва на ҳоҷатхона. Вай гуфт, ман ба кушодани мактаб розӣ нашудам, вале аз ҳукумат маҷбур намуданд, ки мактабро расман кушоем.

Худойназар Элчиев гуфт, ман баъди бо хоҳиши худ истеъфо доданам дар бобати нуқсонҳои бинои мактаб ба як қатор мақомот муроҷиат намудам, вале касе ба доди ман нарасид. Оқои Элчиев бар ин назар аст, бо чунин фасодкорӣ ва ба маблағи барои мактаб ҷудошуда дастдарозӣ кардан дар соҳаи маъориф пешравиҳо нахоҳад шуд.

Худойназар Элчиев гуфт, ки баъди муроҷиат ба намояндагии Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят нисбати масъулини ширкати сохтмонии «Корвон» парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ҳамзамон Юсуф Назаршоев, масъули ин Оҷонсӣ хабари аз худ кардани 70 ҳазор сомонӣ аз сӯи ширкати сохтмонии «Корвон»-ро таъйид карда изҳор дошт, ки то авоихири моҳ таҳқиқи парвандаи ин ширкатро ба итмом мерасонанд ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол медоранд.