Ба гуфтаи сокинон, аз моҳи феврал ба ин сӯ ба далели бехатарӣ ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба сӯи маҳалли Ҷавшангоз аз сӯи идораи бозрасии автомобилӣ мамнӯъ эълон гардида, ин ҳолат ба нобудшавии қисме аз маҳсулоти чорвопарварӣ, ки ягона намуди даромадашон маҳсуб мешавад ва иҷтимоъашон таъсири манфӣ бар ҷой доштааст.
Сокини деҳаи Нимос Бекмурод Холмуродов мегўяд, ки бинобар дурафтодагии маҳал васоити нақлиётии хеле кам ба он тараф ҳаракат мекунанд. Вай баён дошт, ки бинобар имконияти маҳдуди содирот қисме аз маҳсулот талаф шуда, қисми онро корчаллонҳое, ки аз маркази вилоят меоянд бо нархи хеле арзон харид мекунанд.
Мутахассиси пешбари идораи иқтисоди Бадахшон Латиф Бозичаев изҳор дошт, ки мамнўъ эълон шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар ин самт вазъи иҷтимоии сокинонро танг кардааст. Вай гуфт, дар маҳалли Ҷавшангоз нархи як халта орд ба 200 сомонӣ мерасад ва ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон маҳсулоти ширӣ ва гўштро ба фоидаашон ба фурўш бароварда наметавонанд. Мутахассиси пешбари идораи иқтисод баён дошт, ки ба таъмир эҳтиёҷ доштани як қитъаи маҳдуди роҳ боиси эҷоди мушкилот барои сокинони ин маҳалли дурдаст шудааст.
Аммо сардори идораи «Помирнақлиёт» Шамсиддин Назриев гуфт, ки таъмири ин қитъаи роҳи дарозиаш наздик ба ду километр бо иҷрои корҳои таркиш ва ҳамворкунӣ наздики 300 ҳазор сомониро талаб намуда, онҳо дар ояндаи наздик ба дарёфти чунин маблағ умедвор намебошанд. Вай ягона воситаи фаъолшавии нақлиёти мусофирбарро дар ин самт ба хотири пешгирӣ аз ҳаводиси эҳтимолӣ дар он мебинад, ки мусофирон ин қитъаи пурхатари роҳро пиёда тай намоянд.
Дар ҳамин ҳол сардори идораи бозрасии автомобилии вилоят Тоҷиддин Назришоев дар вокуниш ба ин иддао гуфт, ки аз назари онҳо имкон дорад ин қитаи роҳ бо хароҷоти камтар таъмир шавад. Вай бидуни мутобиқ сохтани ин қитъаи роҳ судури қарор оид ба иҷозаи ҳаракат нақлиёти мусофирбарро дар он номумкин мешуморад. Сардори идораи бозрасӣ масири Роштқалъаро бинобар вайронӣ бештар аз ҳама пурхатар арзёбӣ намуда гуфт, ки ду рўз қабл бар асари як садамаи нақлиётӣ 6 кас ҷароҳат бардошта, ҳар ду пои як нафари онҳо бо усули ҷарроҳӣ бурида шудааст.
Дар маҳалли Ҷавшангоз ва гирду атрофии он наздики 400 нафар сукунат доранд.