"Облава"-и донишҷӯён дар Масчоҳ

Кормандони комиссариати низомии ноҳияи Масчоҳ гурӯҳе аз донишҷӯёни ду омӯзишгоҳи касбии ин маҳалро бо роҳи иҷборӣ аз дарсхона ба аскарӣ ҷалб кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, 21 нафар донишҷӯи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва коллеҷи кишоварзии шаҳраки Бӯстон – маркази ноҳияи Масчоҳ дар ҳоле мавриди ҷалби иҷборӣ ва ё «облава» қарор гирифтанд, ки дар синфхонаҳои таълимӣ ба супурдани имтиҳонҳои солонаи худ омодагӣ медиданд. Як шоҳиди айнӣ, сокини шаҳраки Бӯстон, ин ҳодисаро чунин нақл кард: «Ман дар саҳни омӯзишгоҳ будам. Яку якбора се–чор корманди комиссариати ҳарбӣ аввал рост ба коллеҷ, сонӣ ба бинои омӯзишгоҳ даромаданд. Аз дохили бинои омӯзишгоҳ садоҳои ҳаёҳӯй, талош, гапҳои пасту баланд шунида мешуд… Бо ҳамин як гурӯҳ донишҷӯёна рост ба Душанбе барои адои хизмати ҳарбӣ бурдаанд. Ман ҳайрон шудам, ки чи хел инҳоро хизмат мебаранд, ки фардо инҳо имтиҳонӣ давлатӣ доранд».

Ин шоҳиди ҷалби иҷбории гурӯҳи донишҷӯёни Масчоҳ ба хизмати низомӣ афзуд, донишҷӯёни мавриди облава қароргирифта даъватнома дар даст надоштанд. Волидайн ва дигар наздикони онҳо натавонистанд дар гусели фарзандон ба хидмати низомӣ иштирок кунанд, чунки даъват бе огоҳӣ ва бо роҳи зӯрӣ сурат гирифт.

Аммо комисариати низомии Суғд инро радъ мекунад. Эҳсон Ғанихоҷаев, муъовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби гурӯҳи донишҷӯёни Мастчоҳ ба хидмати низомӣ бо риояти қонун анҷом гирифтааст: «Ҳамаи он донишҷӯён бохабар буданд, ки ба хидмат даъват мешаванд. Аз рӯи банди 21–и Қонуни Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва даъвати ҳарбӣ, онҳо ҳақ доштанд танҳо то гирифтани маълумоти умумӣ ва на дертар то 21-солагӣ хидмати ҳатмии ҳарбии худро ба таъхир андозанд. Акнун синну соли ҳамаи онҳо аз 21 гузаштагӣ. Инро ҳамаи донишҷӯён медонанд».

Аммо ба гуфтаи волидайни донишҷӯёни даъватшуда, танҳо як нафар синни 21–ро пур карда, дигарон зери синни 21 қарор доштанд. Онҳо натавонистанд таҳсили худро хатм кунанд. Гурӯҳе аз падару модарон ба вазири маорифи Тоҷикистон шикоят бурда, баргардонидани фарзандонашонро тақозо кардаанд. Аммо комиссариати низомии Суғд мегӯяд, дар ҷалби даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ аз усули иҷбории ба истилоҳ «облава» кор намегирад. Ин усул дар мавриди ҷавононе кор бурда шудааст, ки даъватнома дар даст аз хизмати ҳатмӣ саркашӣ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, мавориди зиёди ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбии Суғд ҷой доштааст. Дилрабо Самадова, корманди иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро» дар Хуҷанд, дар ин бора мегӯяд: «Мо дида истодаем, ки ҷавононе, ки ягон маротиба даъватнома нагирифтаанд, ё ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбӣ доранд ва ё синнашон аз 27 гузаштааст, зӯран аз кӯчаву хона дошта, ба хидмат мебаранд. Масалан, дар Хуҷанд Юра ном навҷавон, талабаи синфи 10–и мактаби рақами 10–и шаҳри Хуҷандро, ки ҳанӯз синнаш ба 18 нарасидааст, инчунин аз рӯи қонун ҳамчун фарзанди ягона аз адои хидмати ҳарбӣ ҳам озод аст аз сари роҳ дошта, ба қисми ҳарбӣ фиристодаанд».

Бо вуҷуди он ки ин мӯҳлати даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Суғд ҳам 15 рӯз ва то нимаи моҳи июн дароз карда шудааст, комиссариати ҳарбии вилоят мегӯяд, ки нақшаи даъватро 100 дар сад иҷро кардааст. Имсол дар давраи даъвати баҳорӣ аз вилояти Суғд ҳудуди 2800 нафар ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд.