Гулнора Ғозиева то ин замон муовини раиси созмони Ҳизби демократ ва аз пайравони шадиди Муҳаммадрўзӣ Искандаров, пешвои зиндонии демократҳои тоҷик, буд. Вай дар анҷумани демократҳои Хатлон гуфт, Ҳизби демократро танҳо таҳти раҳбарии Искандаров эътироф мекунад ва Масъуд Собирову Саидҷаъфар Исмоновро, ки раҳбарони ду ҷиноҳи дигари Ҳизби демократ ҳастанд, афроди тасодуфӣ, ҷудоиандоз ва бегона барои ин ташаккули сиёсӣ номид.
Дар анҷумани демократҳои Хатлон гуфта шуд, ки феълан 700 нафар дар қаламрави ин минтақа аз Ҳизби демократии ҷиноҳи Искандаров пуштибонӣ мекунанд, аммо 70 дар сади аъзои ҳизб дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ, аксаран дар Русия, ба сар мебаранд. Раиси тозаинтихоби ҳизби демократ дар Хатлон хонум Ғозиева гуфт, ин ки аксари кулли аъзои ҳизб ҳоли ҳозир дар Ғурбат ба сар бурда ва имкони ширкат дар умури идории давлат ва ҳизб надоранд, бисёр нигаронкунанда аст ва зимнан, қарор аст дар манотиқи тоҷикнишини Русия бахшҳои Ҳизби демократ ба хотири фарогирии аъзои худ, таъсис дода шавад. Иллати аслии муҳоҷирати аъзо ва пайравони ҳизбро хонум Ғозиева кўтоҳу сода шарҳ дод: «Мушкили иҷтимоӣ, нодорӣ ва тангдастӣ…»
Ва аммо Маъмурҷон Мадмўсоев, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегуяд, «ин ки аксаран аз шомил шудан ба раёсати созмони вилоятии ҳизб худдорӣ мекарданд ва хоҷагидорию вақти кам доштанашон ва вазифаҳои давлатиашонро баҳона пеш меоварданд ва раиси созмон беалтернатива интихоб шуд, гувоҳи азҳампошии бахши вилоятии ҳизб аст. Банда аз ин конфронс чунин бардошт кардам, ки иттиҳод миёни аъзои Ҳизби демократ нест, ҳамон иттиҳод, ки барои сохтани як ҳизби пурқудрат шарти аслист…»
Вале аъзои раёсати созмони вилоятии Ҳизби демократ вуҷуди мавонеъи дигар дар роҳи ташаккули ин ҳизбро сабаби аслии азҳамканоргирии демократҳо меноманд. Саидисмоил Сатторзода, узви раёсати Ҳизби демократ дар Хатлон, мегуяд, асноди бахши вилоятии ҳизб аз сўйи пайравони ҷиноҳи Масъуд Собиров рабуда шуда ва ҳама талошҳо барои бозгардонии он бидуни натиҷа анҷом ёфтаанд. Ба қавли оқои Сатторзода, Аҳмадҷон Додарҷонов, масъули созмони демократҳои ҷиноҳи Собиров дар Хатлон, барои бозгардонии ҳуҷҷатҳои ҳизб миқдори маблағе хостааст. Вай афзуд «Собирову пайравонаш фитнаангези мекунанду халос дар миёни демократҳо. Барои онҳо арзише вуҷуд надорад. Додарҷонов барои баргардонии хуҷҷатҳои рабудаи бахши вилоятии ҳизб аз мо 500 доллар хост, вай мехост фурушад ҳизбро…»
Дар ҳамин ҳол, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои расман эътирофнашудаи Ҳизби демократ, анҷумани баргузоршудаи ҷонибдорони Искандаров дар Хатлонро муғойир ба оинномаи ҳизб унвон кард ва гуфт, ба натоиҷи он мувофиқ нест. Вай афзуд, «барои баргузории анҷумани вилояти нахуст бояд анҷумани созмонҳои ибтидоӣ, ноҳиявӣ ва баъд минтақаии ҳизб доир мешуд. Аммо пайравони созмони ҳизби демократии Искандаров дар Хатлон аслан намехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд, мо созмони худро дорем дар Хатлон ва ба қарорҳои анҷумани демократҳои Гулнора Ғозиева мувофиқ нестем.»
Ин ҳама дар ҳолест, ки то ҳанўз ҳеҷ як аз се ҷиноҳи Ҳизби демократ дар шаҳри Қўрғонтеппа, маркази маъмурии устони Хатлон, як қароргоҳи мушаххасе надоранд, шумори аъзои собити ҳизб маълум нест, масъулони ҳар се ҷиноҳ сўйи ҳамдигар сангпартоиҳо кардаву дар амал иҷрои барномаҳояшон дар қаламрави Хатлон эҳсос намешавад.