Дараи Камароб 54 км тул кашида, дар иҳотаи ду силсилакӯҳи бузург ҷой гирифтаааст ва аз миёнаи он рудхонаи Сорбоғ бо оби шаффо худ ва бо садои хуш ба дарёи Сурхоб мепайвандад. Ва рудхонаи Сорбоғ аз даҳҳо чашмаҳои кӯҳии дигар сарчашма мегирад, ки аксари онҳо чун обҳои шифобахши кӯҳистон шинохта шудаанд.
Хушлар яке аз машҳуртарин чашмаи шифобахш аст, ки, ба гуфтаи пизишкон, ба саду як дард давост ва оби ин чашмаро меҳмонон ба ҳангоми бозгашт бо худ мебурдаанд. Камароб дараи ҳамешабаҳор аст ва то омадани фасли сармо сабзию хуррамии худро нигоҳ медорад. Зеро ҳар як нафаре айёми пойиз ҳам аз ин дараи хушманзара дидан кунад, чукриву торону сиёҳалафу роври баҳориро метавонад истеъмол кунад.
Мирзошоҳи Акобир, як сокини водии Рашт, мегуяд, Камароб дар баробари зебоигии табиати худ дорои олами ғании ҳайвоноту паррандагон аст, ки то ба имрӯз дар муқоиса бо дигар манотиқи кишвар зиёдтар ҳифз шудаанд. Ва, ба гуфтаи ӯ, рудхонахои Камароб беҳтарин гулмоҳии Тоҷикистонро доштааст, ки сайёҳону меҳмонон махсус барои доштани он меомадаанд.
Мухриддини Шоназар, як сокини шаҳраки Навобод, мегуяд, аз он, ки табиати Камароб аз рустаниву гиёҳҳо хеле бой аст, беҳтарин асали шифоӣ ва муаттар ҳамин ҷо тавлид мешавад.
Аз мушоҳидаҳо бо андаке гарм шудани ҳаво сайёҳони зиёде аз Душанбеву дигар манотиқи Тоҷикистон ва ҳамчунин аз кишварҳои хориҷ барои сайру саёҳат ҳамасола ба Камароб меомадаанд. Суҳроби Илёс, як сокини ноҳияи Тоҷикобод, мегуяд, замоне фаро расидааст, ки Камароб чун як минтақаи ҷаҳонгардӣ эълон шавад. Ба эътиқоди ӯ, чунин як пешниҳод ба буҷаи кишвар маболиғи зиёде ворид хоҳад кард.
Тибқи маъхазҳои таърихӣ, дар дараи зебоманзари Камароб аз замонҳои қадим тоҷикҳо зиндагӣ мекардаанд ва яке аз шахсиятҳои маъруфи зодаи ин минтақа Халифа Хасан мебошад, ки дар қарни 17 зиндагӣ кардааст ва яке аз донишмандони маъруфи замони худ будааст. Вай на танҳо дар Рашт, балки водии Зарафшон низ маъруф аст, чунки солҳои охири умрашро дар Самарқанду Панҷакент гузаронидааст ва нақши ӯро дар шодобсозии заминҳои ин минтақаҳо то ҳол ёд мекунанд.