Нархи қувваи барқ як баробар афзоиш хоҳад ёфт

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик»

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, ин ширкат таруфаҳои нави фуруши барқро ба барои тасвиб ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.

Тибқи ин таруфаҳои ҷадид, агар тасдиқ шавад, қимати фурӯши барқ ба аҳолӣ як баробар афзоиш хоҳад ёфт. Оғои Самиев сабаби чунин иқдомро мушкили молӣ унвон кард ва гуфт, бо қимате, ки феълан барқ фурӯхта мешавад, имкони таҷдиди системаи барқрасонӣ ва афзоиши иқтидори неругоҳҳо вуҷуд нахоҳад дошт.

Аз ҷониби дигар, афзуд ӯ, тарҳҳои сармоягузорӣ низ барои таҷдиди ин системаҳо афзоиши қимати неруи барқро тақозо мекунанд. Оғои Самиев гуфт, агар қимат афзоиш наёбад, дар оянда ин ширкат ба мардум хизмат расонида наметавонад.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳамчунин гуфт, ки тибқи як қарордод, ширкатҳои укроинӣ се чархаи неругоҳи Норакро бояд навсозӣ кунанд ва аввалин чарха бояд дар нимаи моҳи июн ворид шавад. Ва дар зарфи шаш моҳ чархаи кӯҳна бояд ба чархаи нав тавассути мутахасисони укроинӣ иваз шавад. Чархаи дуввум дар поёни имсол ва чархаи севвум, ки тавассути мутахасисони тоҷик насб хоҳад шуд, дар моҳи июни соли оянда қарор аст ворид шавад.

Вале, гуфт раиси ширкати «Барқи тоҷик», бо вуҷуди талошҳо Тоҷикистон то имрӯз натавониста аст, реҷаи тақсими неруи барқро лағв кунад. Ба гуфтаи масъулини ширкати «Барқи тоҷик» иллати ин вазъ ду баробар камии об дар рудхонаҳо мебошад.