Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум барқ талаб карданд


Ҳудуди 100 сокини шаш бинои баландошёнаи кӯчаи Федин ва кормандони дӯкону нуқтаи фурӯши бензин аз мақомот тақозо карданд, ки рӯзона интиқоли барқ ва об ба хонаҳояшонро ба роҳ монанд, то онҳо тавонанд рӯзгору тиҷорати худро пеш баранд.

Тибқи гуфтаи сокинон, дар бархе хонаҳо қариб як ҳафта ва дар бархеи дигар 2 рӯз ба ин сӯ интиқоли барқ қатъ гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуваҳҳоб Ғиёсов, сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, ки дар ин гирдиҳамоӣ ҳузур дошт, мегӯяд, бароварда сохтани ҳамаи тақозои сокинон имкон надорад, зеро вазъи тамоми шаҳр чунин аст. Вай афзуд, танҳо ду рӯз аст, ки дар ин қисмати шаҳр барқ нест.

Аммо холаи Салима, як сокини 70-солаи маҳаллаи 83 мегӯяд, 6 шабонарӯз аст, ки дар 6 баландманзил барқ нест.

Гирдиҳамомадагон баъд аз он ки бо кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе арзу доди худро расониданд, пароканда шуданд. Масъулин як трансформаторро таъмир карданд. Гирдиҳамомадагон изҳор доштанд, ки дар ҳоли расидагӣ нашудан ба тақозоҳояшон дар назди бинои ширкати Барқи тоҷик ва корхонаи оби Душанбе гирдиҳамоӣ созмон хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG