Тибқи иттиллоъи масъулони Додгоҳи олӣ, ин тасмим дар пайи дархости додситони кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар соли 2001 бо ҳукми додгоҳи олӣ фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда буд. Ҳайати мушовараи додгоҳи олии Тоҷикистон бо анҷоми омӯзиш ва таҳқиқи маводи парванда алайҳи «Ҳизб-ут-таҳрир» ба чунин натиҷа расидааст, ки онро ба унвони созмони экстремистӣ ё ифротгаро эътироф кунад.
Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи додгоҳи олии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, парвандаи «Ҳизб-ут-таҳрир» аз сӯи муфаттишони додситонии кулли Тоҷикистон омода ва ҷиҳати расидагӣ ба додгоҳ ирсол шуда буд. Ва, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, аз додгоҳ тақозо кардааст, ки «Ҳизб-ут-таҳрир» ба ҳайси як созмони ифротӣ ва моҷароҷӯ дар қаламрави кишвар эълом шавад.
Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки «Ҳизб-ут-таҳрир» бо паҳн кардани варақа, адабиёт ва дастурҳое, ки вуруди онҳо ба қаламрави кишвар мамнӯъ дониста шудааст, амнияти давлатро бо хатар мувоҷеҳ мекунанд. Зеро, ба гуфтаи мақомот, осори мазкур таблиғгари ақидаҳои ифротӣ буда ва ошкоро ба сарнагун кардани низоми мавҷуд ва барпо кардани як давлат ё хилофати исломӣ даъват мекунанд.
Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, аз аввалин масъулони баландмақоми додситонии Тоҷикистон буд, ки аз додгоҳ тақозо кард «Ҳизб-ут-таҳрир» ба унвони як созмони ифротӣ ва террорист эътироф шавад.
Зимнан фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» дар аксари кишварҳои олам ва бахусус кишварҳои мусалмоннишин мамнӯъ эълом шудааст. Бо қарори додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2001 фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишвар мамнӯъ эълон шуд. Манобеъи расмӣ мегӯянд, то кунун беш аз 400 нафар аз шаҳрвандони кишвар бо иттиҳоми узвият дар ин созмон ва ё ҳамкорӣ бо он боздошт ва ба ҷазо кашида шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ва як тан аз ҳуқуқшиносони тоҷик, муътақид аст, ки бештари афроде, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми узвият ва ё ҳамкорӣ бо «Ҳизб-ут-таҳрир» зиндонӣ шудаанд, маҳбусони сиёсианд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, онҳо барои ақида маҳкум ба зиндон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, зимни қарори додгоҳи олии Тоҷикистон, дастрасӣ ба сайти интернетии созмони мамнуъи «Ҳизб-ут-таҳрир» низ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуда ва вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки имкони истифода аз ин сайтро номумкин созад.