Ҳафтаи ҷорӣ раҳбарони хадамоти амнияти Ӯзбакистон ва Қирғизистон роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро матраҳ намуданд. Ҳафтае қабл аз он сарони ин ду ҷумҳурӣ тавофуқ карда буданд, ки ба зидди ба гуфтаи онҳо терроризми байналмилалӣ ва тундравии динӣ муборизаи муштарак кунанд. Чунин таҳаввулот нишон медиҳанд, ки ин ду кишвари ҳамсоя, ки соли гузашта муносибаташон рӯи масъалаи сарнавишти фирориёни андиҷонӣ сард гардида буд, ҳоло дубора ба ҳам наздик мешаванд. Баъди мулоқоти президенти Ӯpбакистон Ислом Каримов ва ҳамтои қирғизи вай Қурмонбек Боқиев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд дар Маскав, Боқиев гуфт, ки дар мубориза зидди авомили бесуботкунандаи Осиёи Марказӣ ӯ аз пуштибонии ҳамтои Каримов бархӯрдор аст.
Таҳлилгарон мегӯянд, бо дар назардошти он, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ маъракаи зидди терроризм ва тундравиро чун баҳона барои саркӯбии афкори мухолиф истифода мебаранд, ҳоло суол ин аст, ки оё раҳбарони ӮЗбакистону Қирғизистон киро террорист арзёбӣ мекунанд? Виталий Пономарёв, мудири барномаи ҳуқуқи башари "Мемориал" дар шаҳри Маскав мегӯяд, феълан душмани муштараки рақами яки Бишкек ва Тошканд Ҳизб-ут-таҳрир мебошад: "Баъди рӯйдодоҳи 12 уми май дар марз, яъне замоне ки чанд нафари мусаллаҳ аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон шуд, шумори боздоштҳо ба гумони ҳамкорӣ бо Ҳизбуттаҳрир дар ҷануб ва шимоли Қирғизистон афзоиш ёфт. Дар бисёр мавридҳо, қонунҳо помол мешуданд ва иттиҳомот дурӯғӣ буданд. Бо чанд далел, мо бовар дорем, ки додгоҳҳо ба аъзои ҳизбутаҳрир мӯҳлатҳои тӯлонитари зиндон ва муҷозоти шадидтар медиҳанд. Чунин саркӯбӣ одилона нест, зеро Ҳизб-у-Таҳрир гурӯҳи хушунаткор нест."
Ҳизб-у-Таҳрир, ки фаъолияташ дар Оcиёи Марказӣ манъ шудааст, ҳадаф дорад, ки давлати исломӣ барпо кунад, ва ин гурӯҳ расман хушунатро маҳкум мекунад. Дар Ӯзбакистон солҳои ахир садҳо нафар ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир зиндонӣ шудаанд. Дар Қирғизистон сарфи назар аз мамнӯъ будани фаъолияташ, ин ташаккул аз озодиҳои нисбӣ бархӯрдор буд ва ҳатто баъзе маъракаҳои хайрия низ барпо мекард. Вале баъдан Бишкек низ ба саркӯбии ин гурӯҳ шурӯъ кард. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки Ҳизб-у-Таҳрир ба зидди хадамоти ҳифзи қонун ва тартиботи кишвар ҷиҳод эълон кардааст. Ахиран, яке аз расонаҳои ахбори ин кишвар навишт, ки нирӯҳои ҳифзи қонун ва тартибот низ дар ҷавоб ба зидди Ҳизби Таҳрир ҷанг эълон кардаанд. Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки полис барои маърака алайҳи Ҳизб-у-Таҳрир бо фанновариҳои иловагии дифоъӣ муҷаҳҳаз мешавад. Мақомоти Бишкек мегӯянд, ки дар панҷ соли ахир, аъзои ин гурӯҳ се маротиба афзоиш ёфт. Ба гуфтаи онҳо, Ҳизби Таҳрир бо Ҷумбиши Исломии Ӯзбкистон (ҶИӮ) робита дорад. ИН ҷумбиш низ солҳои навадум бо ҳадафи эҷоди Хилофати Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд. Вале ба фарқ аз Ҳизб-ут-Таҳрир ҷумбиши номбурда аз хушунат кор гирифтааст.
Нимаи моҳи июл хадамоти амниятии Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар панҷ нафарро ба гумони узвияти ҶИӮ ба қатл расониданд. Ҳафтаи ҷорӣ полиси шаҳри Ӯш як шаҳрванди Ӯзбакистон Бекмурод Каримовро ба иттиҳоми узвияти ин гурӯҳ боздошт намуд. Професори улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Миллии Бишкек Алибек Охунов аз мавқеъи мақомоти Қирғизистону Ӯзбакистон ҳимоят мекунад: "Ҳодисаҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон - дар минтақаҳои Ҷалолобод ва Ӯш, боздошти пайравони Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон - ин ҳама нишон медиҳад, ки ин ҷо душмани муштарак вуҷуд дорад. Барои ин террористон марзҳои миёни Қирғизистону ӮЗбакистон як чизи сунъӣ аст. Онҳо ҳадаф доранд, ки кишвари дигареро эҷод кунанд. Аз ин сабаб, вақте "душмани муштарак" мегӯям, ман терроризми байналмилалӣ ва тундравии диниро дар назар дорам."
Мақомоти ҳарду кишвар гурӯҳи Акрамияро низ ба рӯйхати душманони худ шомил кардаанд. Тошканд мегӯяд, Акрамия, ки раҳбари он Акрам Юлдошев ки аз соли 1999 дар зиндон аст, тарҳрези хушунаткориҳои соли 2005 дар Андиҷон мебошад. Ҳафтаи гузашта духтари Юлдошев Гулмира дар шаҳри Ӯш якҷо бо панҷ ӯзбак ва се қирғиз боздошт шуд. Полис мегӯяд, ки дар хонаи яке аз онҳо силоҳи оташфишон ва маводи тарканда ёфтааст. Полис ӯзбакҳои боздоштшударо ба гуноҳи даст доштан дар рӯйдодҳои Андиҷон мутаҳам намуд.
Ин нукта нишони тағйири мавқеъи Бишкек нисбати Тошканд аст. Дар гузашта Қирғизистон муҳоҷирони андиҷониро пазируфта, тақозои Тошкандро дар мавриди пас фиристодани онҳо рад карда буд. Ҳоло гармшавии робитаҳо миёни ду кишвар дар ин самт, мавриди нигарониҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар мебошад. Виталий Пономорев мегӯяд: "Хатари чунин ҳамкориҳо дар он аст, ки миқдори бузурги маълумоте, ки ӮЗбакистон пешниҳод мекунад, дар асл маълумоти комилан беасос аст ва бо роҳи шиканҷа ба даст омадааст. Чунин эътирофҳои шоҳидон, ки бо роҳи шиканҷа гирифта шудаанд, чун маълумоти расмӣ пешниҳод карда мешаванд, ва бар пояи онҳо боздошту таъқиби одамони бегуноҳ дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя раҳандозӣ мешавад."
Пономарев маҳкамаи Дилшодбек Ҳоҷиевро мисол меоварад, ки ахиран дар Тошканд шурӯъ шудааст. Ҳоҷиев ба ҳамкории наздик бо раҳбарони Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон ва ҳатто ба наздикӣ ба раҳбарияти Шабакмаи террористии Алқоида мутаҳам мешавад. Ӯ соли 2005 аз Андиҷон ба Қирғизистон фирор карда буд. Мақомоти қирғиз ӯро якҷо бо се нафари дигар ба Тошканд пас доданд.