Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти Ҳизб-Ут-Таҳрир дар остонаи интихобот дар вилояти Суғд


Тайи беш аз ду моҳи ахир танҳо дар шаҳри Хуҷанд ва маҳалҳои атрофи он варақаҳои ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ паҳн карда шудаанд ва ҳолдонҳо мегӯянд, дар онҳо доир ба интихоботи Маҷлиси Намояндагон аслан сухан нарафтааст. Аз сӯи дигар, назорати мақомоти интизомии Суғд ба фаъолияти Ҳизб-Ут-Таҳрир дар давраи интихоботӣ шадидтар шудааст. Дар давоми тақрибан 2 моҳи ахир ҳадди аққал 7 ҷавон дар Суғд, ба шумули ду донишҷӯи бахши шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд Азим Азимов ва Мирзо Ҳомидов, бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-Ут-Таҳрир ва бо даҳҳо варақаҳои ин ҳизб боздошт шудаанд.

Як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, чанде пеш суҳбгоҳон дар назди манзилаш шабномаҳои Ҳизб-Ут-Таҳрирро дида, сараввал гумон кардааст, онҳо варақаҳои таблиғотии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аст:
"Он ҷо сухан дар бораи бойкот эълон кардани интихоботи Ироқ меравад. Ҳизб-Ут-Таҳрир интихоботи Ироқро фармоишӣ меномад ва гӯё ҳар чӣ Амрико дар Ироқ мехоҳад, ҳамон мешавад. Аммо як чиз мавриди нигаронӣ аст. Аъзои ин ҳизб, ки худро ҳомии Ислом мегӯянд, варақаҳои худро бо ояҳои Қуръони маҷид дар ҳар куҷо ва зери по пароканда мекунанд."

Ба гуфтаи коршиносони Суғд, ки бо мӯҳтавои варақаҳои Ҳизби Таҳрир ошно шудаанд, барои ин ҳизб ҳамоно бозтоби воқеаҳои байналмилалӣ муҳим ва аввалдараҷа боқӣ мондааст ва дар варақаҳо иқдомҳои тозаи сарони кишварҳои Фаластину Исроил барои ба даст овардани сулҳи деринтизори байни ин кишварҳо ҳамчун роҳнамоии Амрико маҳкум шудааст. Як сокини Суғд, ки худро Акрамҷони Саидзода ва ҷонибдори Ҳизб-Ут-Таҳрир номид, дар мавриди изҳори назар накардани ин ҳизб дар бораи интихоботи порлумонии Тоҷикистон чунин гуфт: «Ин низоми сиёсӣ, ин интихоботҳо хостаҳои сиёсии моро бароварда намесозанд. Чунки инҳо аз сохти давлатҳои ғарбӣ рӯйбардор шудаанд ва хоси кишварҳои мусулмонӣ ҳам нестанд. Мақсади Ҳизб-Ут-Таҳрир сохтани як давлати хилофат аст. Бинобар ҳамин мо мақсад надорем, ки ҳамчун як ҳизб дар маъракаи интихоботӣ ва овоздиҳӣ иштирок намоем. Ҳизб-Ут-Таҳрир ҳозир фақат мардумро ба исломӣ кардани ақидаи худашон даъват карда истодааст».

Мусоҳибам дар мавриди иштироки аъзои Ҳизб-Ут-Таҳрир дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон гуфт, ин кор ба салоҳдиди худи онҳо вогузор шуда, касе онҳоро аз ин амал манъ накардааст.
Додоҷон Ёқубов, узви раёсати бахши Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар вилояти Суғд, ки номзадии худро ба Маҷлиси вилоят гузоштааст, мегӯяд, Ҳизби Наҳзат бо ақидаи Ҳизб-Ут-Таҳрир, ки роҳи мухолифат бо давлати Тоҷикистонро пеш гирифтааст, созгор нест. Давронҷон Каримов як сокини Хуҷанд, ки фарзанди ӯ Хуршед Каримов соли 2004 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонон бо ҷурми узвият ба Ҳизб-Ут-Таҳрир ба чаҳор соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, дар арафаи интихоботи парлумонӣ ба президенти Тоҷикистон нома навишта, авфи гуноҳи фарзандашро тақозо кардааст: «Агар онҳоро ҷавоб медоданд, беҳтар мебуд. Инҳо ҷавонони хондагӣ, боақл. Агар надониста ба ин роҳи хато рафта, ба Ҳизб-Ут-Таҳрир пайваста бошанд ҳам, акнун аз роҳашон гаштаанд».

Вай мегӯяд, рӯзи интихобот дар назди сандуқи овоздиҳӣ ҳозир хоҳад шуд, аммо дар ҳоли ҳозир гуфта наметавонад ба кадоме аз номзадҳо раъй хоҳад дод, зеро ҳанӯз номзадҳои хавзаи худро надида, барномаҳои интихоботии онҳоро дастрас накардааст.
XS
SM
MD
LG