Нашри ин филм аз ҷумлаи мавзуҳои мавриди сӯҳбати намозиҷумъагузорон буд. Ба андешаи бисёре аз мусулмонон, ин иқдом талоше дигарбора барои бадномсозии дини ислом аст. Зоҳири Давлат, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, созмондиҳандагони ин филм ақида доранд, ки ислом хатаре барои ояндаи дунёст, ки иштибоҳ мекунанд. Ба андешаи ӯ, исломи рӯ ба густаришро ҷомеаҳои Ғарб дар ростои манофеи ояндаи худ намебинанд. Оғои Давлат гуфт, ба ин тартиб наметавон аз хатарот ва ноамнӣ ҷилавгирӣ кард, балки ин иқдом метавонад бар зарари гуфтугуи тамаддунҳо ва ҳамзистии мазоҳиб воқеъ шавад
Дар ҳоле, ки бисёре аз мусалмонони хостори эътирозҳои густардаи мусалмонон ва тазоҳурот бар зидди ин филм ҳастанд, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, аз пешвоёни ҲНИТ, низ бо маҳкум кардани ин иқдом гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бояд дар ин маврид иқдом кунад ва эътирози расмии худро ба давлати Ҳоланд ирсол намояд.
Аммо бархе коршиносон ҳам бовар доранд, ки беш аз пеш тавҳин шудани эътиқодоти бархе аз мардум пайомади суханони носанҷидаи бархе сиёсатмадорон аст, ки баъди 11 сентябри соли 2001 баён доштанд ва аз ҷумла исломро ба навъе бо терроризм рабт доданд. Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақил, мегуяд, ин раванд метавонад бештар маҳсус шавад ва мусалмонон низ дар посух ба чунин иқдомоте дастбакор шаванд. Аз ин хотир, мегуяд ӯ, бояд давлатҳо таҳти васояти СММ ин мушкилро расидагӣ ва роҳи ҳалле барои он пайдо кунанд.
Муаллифи филми «Фитна» Гирт Вилдерс як вакили ростгарои порлумони Ҳоланд аст. Гирт Вилдерс ба хабарнигорон гуфтааст, ки ислом ва Қуръон дар дарозмуддат барои ҳифзи озодӣ дар Ҳоланд хатар эҷод мекунад ва ӯ мехоҳад бо ин филм тамошобинро аз ин хатар огоҳ созад.
То кунун бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ ин иқдомро маҳкум кардаанд. Аз ҷумла мақомоти ҳоланд низ ба созандаи филм гуфтаанд, ин иқдом метавонад боиси эътироз ва хушунат шавад.