Ин филми 15 дақиқаӣ бо номи "Фитна" баъд аз он дар сафҳаи интернетии LieLeak.com ба намоиш даромад, ки шоми рӯзи панҷшанбе яке аз шабакаҳои телевизионии Ҳолланд аз пахши он худдорӣ кард. Филм акси Қуръон ва бо қироъати ояте аз Қуръон шуруъ мешавад. Сипас акси Муҳаммад паёмбари ислом, ки дар корикатурҳои соли гузаштаи Донморк ба табъ расида буд, падид меояд. Кулоҳи вай ба баме шабоҳат дорад ва симе ба он васл аст, ки оташ гирондаанд, то бам мунфаҷир шавад.
Дар ин филм қироъати оёти Қуръон ҳамчунон идома меёбад ва аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню Йорк ва бархурди ҳавопаймо ба он саҳнаҳо нишон дода мешавад. Сипас инфиҷор дар ҷойҳои дигар, ҷасади одамон, саҳнаҳо аз хоку хун. Дар паси ҳамаи ин қироъати оятҳо аз Қуръон идома меёбад ва баъд аз ҳар саҳна шахсиятҳои мазҳабӣ падид меоянд ва мусулмононро ба ҷиҳод даъват мекунанд.
Гирт Вилдерз, намояндаи ростгарои порламони Ҳоланд таҳиякунандаи филми "Фитна" сиёсатҳои кишвараш роҷеъ ба муҳоҷират низ мухолифат карда буд ва дар як нишасти хабарӣ дар Ҳейг рӯзи панҷшанбе аз филмаш дифоъ карда гуфт, «ин филм таҳрикот нест, балки воқеъияти комил ва хулосаи сиёсист. Ислом барои озодӣ дар Ҳоланд хатар аст. Ва ман бояд бар зидди он ҳушдор диҳам».
Дар филм идаъо шудааст, ки афзоиши шумораи мусулмонон дар Ҳоланд ва Аврупо ба демократия таҳдид мекунад. Филм бо чанд даъват ба поён мерасад: "Ба исломӣ кардани Аврупо хотима диҳед!", "Аз озодиҳои мо дифоъ кунед!". Дар филм гуфта мешавад, ки ислом низ мисли фашизм ва комунизм дер ё зуд дар Аврупо саркуб хоҳад шуд.
Чанд ҳафтаи паёпай мақомоти Ҳоланд ва шахсиятҳои мазҳабии ин кишвар талош доштанд аз пахши филми "Фитна" ҷилавгирӣ кунанд, то он мисли соли 2006 аксуламалҳои ногувор ба бор наорад. Он вақт чопи карикатурҳои паёмбари ислом Муҳаммад дар Дания вокунишҳои шадид ба бор оварда буд. Ян Петер Болкенеде, нахуствазири Ҳоланд, рӯзи панҷшанбе зимни суханони худ дар Ҳейг тафсири исломро он гуна, ки дар филми "Фитна" омадааст, рад кард ва гуфт, ин филм исломро бо хушунат муқоиса мекунад ва мо чунин тафсирро рад мекунем. Вай афзуд, мо муттаасифем, ки Вилдерз ин филмро нашр кард. Мо бовар дорем, ки он ҳадафе надорад ба ҷуз аз таҳқир.
Дар остонаи пахши ин филм дар Афғонистону Покистон ва соири кишварҳои мусулмоннишин тазоҳуроти эътирозии хушунатомез барпо шуд. Сомонаи интернетӣ бо номи LiveLeak.com, ки ин филмро пахш кардааст сафҳаи бритонёист ва аксар вақт саҳнаҳои даргириҳоро аз Афғонистон ба намоиш мегузорад. Сафҳаи худи ин филм бо номи fitnathemovie.com баста шудааст.
Гирт Вилдерз, муаллифи филм, даъво кардааст, ки филми вай хориҷ аз муқаррароти қонун нест ва филми хубе омадааст. Аммо мақомоти Ҳоланд саъй мекунанд, аз пахши он пешгирӣ кунанд ва барои таъмини амнияти муаллиф чанд нафар ҷондор ҳам додаанд. Соли 2004 Тео Ван Гог, филмсози ҳолландӣ, баъд аз нашри филми кутоҳи зиддиисломии худ дар Амстердом кушта шуд.