Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки гурӯҳи "Толибон" дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардааст. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ин раванд, хостори ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз ин хатар шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май дар маросиме ба муносибати 15-уми солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷунбиши "Толибон" тасмим гирифтааст, ки бештаре аз пойгоҳҳои омӯзишиву низомии худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол диҳад, ки моя нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, моҳҳои ахир маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти Кобул, аз тундгароёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ иборатанд.
Вай афзуд, тӯли чанд соли ахир ҷунбиши "Толибон" тарҳеро рӯи даст гирифтааст, ки тибқи он, маркази фаъолияти ин созмони террористӣ аз ҷануб ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешавад ва то ба ҳол 29 пойгоҳи омӯзишиву низомии ин созмон ба наздикии марз бо Тоҷикистон кӯчонида шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамзамон гуфт, тибқи иттилои ба даст омада, 6 ҳазору 825 ҷангҷӯи ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбатҳояш гуфт, ки ҳифозати 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон наметавонад танҳо "дарди сар"-и ҳукумати Тоҷикистон бошад. Вай аз созмонҳову кишварҳои хориҷӣ барои кӯмакҳояшон дар таъмини ҳимояи марз бо Афғонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳамкорӣ дар ин замина бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
43 млн доллари ВОМКА барои тақвияти марз бо Афғонистон
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар зарфи 15 соли иҷрои барномаи BOMKA Тоҷикистон барои тақвияти ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 43 миллион евро дарёфт кардааст. Дар ҷараёни иҷрои 9 марҳилаи ин тарҳ бархе аз дидбонгоҳҳо ва идораҳои назорати марзӣ бунёд ё бозсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Ҳамчунин дар доираи ин барнома марзбонони тоҷик миқдоре аз лавозимоти фаннӣ, назири мошинҳоро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ, то ду моҳи оянда коршиносони байналмилалӣ натиҷаи иҷрои ин тарҳро баррасӣ карда, сипас Иттиҳодияи Аврупо дар бораи идомаи сармоягузории ин тарҳ то соли 2027, тасмим хоҳад гирифт.
"Ба танҳоӣ сахт аст ҷилави терроризмро гирифт"
Валиҷон Абдуҳамидов, коршиноси тоҷик, ки мавзӯи ифротгароӣ ва терроризм дар минтақаро пайгирӣ мекунад, рӯзи 2-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки умедвории мақомоти тоҷик барои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар муқобила бо терроризми байналмиллалӣ, мантиқӣ аст. Вай бар ин назар аст, ки феълан терроризм ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва бидуни ҳамкорӣ ҳеҷ як кишваре ба танҳоӣ имкон надорад аз ин зуҳурот ҷилавгирӣ кунад.
Ҷаноби Абдуҳамидов афзуд, "бубинед, кишвари пешрафтае мисли Сурия ё Ироқ ба чӣ ҳол гирифтор шудааст. Бидуни ҳамкориҳои густурдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешгирии ҷиноятҳои террористон ҳатто танҳо дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан ғайриимкон аст. Кишварҳо бояд табодули иттилои сирриро роҳандозӣ кунанд, вагарна ин хатар аз Тоҷикистон убур карда, вориди қаламрави кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мешавад".
Нигаронӣ аз ҳузури ҷангиёни тоҷик дар сафҳои ДИИШ ва Толибон
Изҳори назари фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи теъдоди ҳудуди 7-ҳазории ҷангҷӯён дар он сӯи Ому дар ҳолест, ки соле қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода миқдори онҳоро на кам аз 10 ҳазор нафар эълон карда буд.
Аз сӯи дигар, ахиран эълон шуда буд, ки дар ду соли ахир нерӯҳои амниятии Тоҷикистон аз анҷоми ҳудуди 50 амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Вале як мояи нигаронии мақомот дар давоми ҳадди аққал се соли охир ин пайвастани беш аз як ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон мебошад.
Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозоти сангин пешбинӣ кардааст ва дар давоми ин солҳо даҳҳо мурофиаҳои судӣ ба хотири ба ҷавобгарӣ кашидани ширкатдорони ҷангҳо дар зери парчами сиёҳи ДИИШ анҷом шудааст.
Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, моҳҳои ахир маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти Кобул, аз тундгароёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ иборатанд. Миёни ин афрод аъзои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" низ кам нестанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марзи кишвар 18 қочоқбарро аз байн бурданд ва 20 нафари дигарро дастгир кардаанд. Зимни натиҷагирӣ аз кори марзбонони тоҷик дар соли 2017 дар як ҷаласае гуфта шуд, ки дар ин сол дар марз бо Афғонистон 31 маротиба задӯхурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.