Мақомот: Барқи бештар мехоҳед, сарфа кунед ва пулашро диҳед

Дар ҳоле ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди шадиди нирӯи барқ дар рӯзҳои сарди тирамоҳи имсола шикоят доранд, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" аз мардум хостаанд, ки пули барқи, ба гуфтаи онҳо, ба насия гирифтаашонро зудтар супоранд.

  • "Барқи Тоҷик" охири ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома гила кардааст, ки аҳолӣ барои гуфтугӯи телефонӣ пулро дареғ намедорад, вале навбат, ки ба барқ расид, худро ба ақиб мекашад.
Бовар кунед, нисбат ба бисёре аз маҳсулоте, ки мехаред, масалан, аз дақиқаҳои телефонии мобилӣ, барқ муҳиму заруртар аст

"Барои доимо бо барқ таъмин будан, ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва саривақт пардохт намоед", - таъкид шудааст дар муроҷиатномаи "Барқи Тоҷик" ба муштариҳо.

"Ҳама чизро нақд мегиред, барқро - насия"

Масъулони ширкат гуфтаанд, "барқ ҳам маҳсулот аст ва ҳеч маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқ дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефонии мобилӣ, мову Шумо пешпардохт мекунем, яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст. Бовар кунед, нисбат ба бисёре аз маҳсулоте, ки Шумо харидорӣ мекунед, масалан, аз дақиқаҳои телефонии мобилӣ дида, барои мову Шумо барқ муҳиму заруртар аст."

"Пулро ба нозир надиҳед, ба Амонатбонк супоред"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Барқи Тоҷик" ҷорӣ шудани лимитро рад мекунад

Ширкати "Барқи Тоҷик" хитоб ба сокинон гуфтааст, ягона роҳи ҳалли пурра ва доимӣ бо барқ таъмин будани онҳо, сарфаи барқ ва пардохти маблағи барқи гирифтаашон аст. Ба сокинон машварат дода шудааст, ки пули барқро то 15-уми ҳар моҳ дар шуъбаҳои "Амонатбонк" бисупоранд.

"Ин амал баҳсу якдигарнофаҳмиҳоро пурра аз байн мебардорад. Ҳар муштарӣ метавонад, ки бе иштироки нозир варақаи пардохтро пур карда, тавассути нуқтаҳои "Амонатбонк" маблағи барқро супорад. Ҳуҷҷати пардохтро нигоҳ доред", - гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Сокинон: "Барқ нест, чаро пул диҳем?"

Бисёре аз сокинон мегӯянд, мисли чанд соли пеш мардум аз пардохти пули барқ намегурезанд, балки баъзеҳо ба пешпардохти он гузаштаанд. Аммо нигаронии онҳо аз ин аст, ки "Барқи Тоҷик" беш аз як моҳ боз интиқоли нирӯи барқро ба хонаҳои мардум шадидан маҳдуд карда, вале вуҷуди лимитро расман эътироф намекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон боло рафт. САДО

Тайи як моҳи охир даҳҳо нафар дар бораи камбуди нирӯи барқ дар маҳалли зисташон ба Радиои Озодӣ гузориш дода, баъзеи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар ин бора навиштаанд.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, хабарнигор аз шаҳри Конибодом рӯзи 19-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "барқи кампайдо дар хонаводаҳои деҳаи Ободон ин бегоҳ аз соати 18.45 то 21.25, яъне ду соату 40 дақиқа меҳмон шуду рафт. Аз мо хавотир нашавед, агар дар Фейсбук набошем."

Муҳаммадҷон Аловиддинов, корбари дигари ин шабакаи иҷтимоӣ суол гузоштааст, ки "ин чӣ гап? Ҳамагӣ ду соат қувваи барқ медиҳанду бас. Ин то кай давом мекунад? Ваъдаҳо куҷо шуд?" Ӯ гуфтааст, ки дар маҳалли зисти онҳо аз соати 7-и бегоҳ то нуҳи шаб ва аз шаши субҳ то 8 барқ медиҳанду бас.

"Аз 6 то 10 соат дар шабонарӯз барқ медиҳанд"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Лимит нест, барқ ҳам нест. Тоҷирон мегӯянд, бебарқӣ зиён овард. ВИДЕО

Сомонаи "Барқ нест" ҳам мегӯяд, ки рӯзи 19-уми октябр дар тақрибан 20 шаҳру ноҳияи кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ буд ва сокинон дар шабонарӯз аз 6 то 10 соат нирӯи барқ гирифтаанд.

Яке аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навиштааст, ки "нархи барқро қимат кардед, майлаш, аммо чаро интиқоли барқро маҳдуд намудед? Ҳаво сард аст ва мо кӯдаки хурд дорем."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон "Барқи тоҷик"-ро се тақсим кард. ВИДЕО

Кори "профилактикӣ" ё "лимит" баргаштааст?

Умед, корбари дигари сомонаи Радиои Озодӣ мегӯяд, бо вуҷуди онки мақомот ба гардан намегиранд, имсол зоҳиран лимити нирӯи барқ ҷорӣ шудааст. "Соли гузашта дар тамоми дунё овоза карданд, ки лимити барқ дар Тоҷикистон пурра бардошта шуд, вале умраш кӯтоҳ будааст. Имсол аз шарм наметавонанд, ки ошкоро эълон кунанд. Ва мегӯянд, корҳои профилактикӣ ҷараён дорад", - навиштааст ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пуштибонии комили СБП аз Роғун дар пасманзари шартгузорӣ барои $300 миллион

Мақомоти ширкати "Барқи Тоҷик" аз моҳи сентябр то ба имрӯз имрӯз вуҷуди лимити барқро қатъиян рад мекунанд. Ба қавли мақомоти ин ширкати таъминкунандаи барқ, феълан дар дастгоҳҳои азими тавлиди барқ "корҳои профилактикӣ" мегузарад ва ба ин хотир зарур аст, ки дар баъзе минтақаҳо қувваи барқ хомӯш карда шавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи Тоҷик" гуфта буд, ки ин масъала дар аввали моҳи октябр ҳал мешавад. Аммо бо сипарӣ шудани бист рӯзи моҳи октябр ҳанӯз сокинон аз камбуди нирӯи барқ хабар медиҳанду ин ширкат аз пардохти пули барқ мегӯяд.