Русия: се кушта ва шаш захмии тоҷик дар 3 рӯз

Дар Русия ҳодисаҳои куштори ғайрирусҳо аз сӯи нажодпарастони рус меафзояд

Ба иттилоъи оҷонси Интерфакс имрӯз 5 нафар мардикори тоҷик дар шаҳри Калинингради Русия мавриди ҳамлаи як гурӯҳи номаълум қарор гирифтаанд.

Ҷабрдидагон, ки феълан дар бемористон таҳти табабт қарор доранд, ба Интерфакс гуфтаанд, ба онҳо дар назди хобгоҳи коргарӣ як гурӯҳи ҷавонон бо корд ҳамла карданд. Муҳоҷирони тоҷик таъйид кардаанд, ки ҳамлаварон скинхед буданд, зеро сару либоси скинхедӣ доштанд.

Ин панҷумин ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар рӯзҳои ахир аст. Рӯзҳои 15-16-18 феврал дар Маскав ва вилояти Маскав ду мард ва як зани тоҷикро куштанд ва як нафари дигар дар ноҳияи Люблино дар утоқи дарёфти ҳуш аст. Ин оморро масъули умури муҳоҷират дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Сайдмухтор Мирзоев тасдиқ кард.

Афзоиши бегонаситезӣ ва фаъолшавии бесобиқаи гурӯҳҳои милатгаро тайи ҳафтаҳои ахир муҷиби нигаронии созмонҳои милли муқими Маскав ва муҳофизони ҳуқуқ гардидааст. Муҳаққиқи мушкилоти бегонаситезӣ Галина Кажевникова, ки тайи чор сол раванди миллатаргоӣ дар Русияро назорат кардааст, мегуяд, он чи имрӯзҳо мушоҳида мешавад бесобиқа аст.


Вай афзуд,ҳеҷ гоҳ чунин набуд, ки аз сари сол беш аз 20 кас кушта шавад. Ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта се нафар дар заминаи милатгароӣ кушта шудааст. Дар мулоқоте, ки бо ширкати намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муҳоҷирон рӯзи душанбе дар Маскав бо мақомот ва пулиси шаҳр баргузор гардид, масъалаи тавсеъаи ҷунбиши миллтагароӣ дар ҷои аввал қарор гирифт, дар ҳоле ки шаҳрдорӣ намояндагони созмонро ба хотир ширкати онҳо дар интихоботи президентии дуввуми март даъват карда буд.


Раиси маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршедаи Даврондухт тайи суханони худ Маскавро яке аз доғтарин минтақаҳои тавсеъаи миилатгароӣ номид ва аз мақомоти шаҳри Маскав хостори роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ шуд, то эҳсоси бегонагӣ дар мардум камтар шавад.


Раиси маркази миллии озарбойҷониҳои Русия - «АзерРос» хабар дод, ки соли гузашта аз Русия ба Озарбойҷон 50 тобут, ба Гурҷистон 30 тобут ба Узбакистону Тоҷикистон - 100 тобутӣ рафтааст ва ин ҳама бо дасти милатгароён кушта шудаанд.

Дар ҳошияи ин нишасти созмонҳои муҳоҷирон ва мақомоти шаҳру пулис дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Маскав шоми душанбе ба сешанбе шаҳрванди Узбакистон Хуршед Худойқулов, ки машғули руфтани хиёбон будааст, бо захмҳои фаровони корд кушта шудаст. Бо ҳамин шева як рӯз пеш шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст, ки муҷиби вокуниши шадиди Сафорати Қирғизистон дар Русия гардид.

Дар ҳамин ҳол дар мулоқоти бо созмогҳои миллӣ В. Пронин, раиси пулиси Маскав, гуфтааст, дар Маскав гурӯҳҳои созмонёфтаи скинхедӣ вуҷуд надорад ва ин ҷавонони миллатгаро иборат аз гурӯҳҳои кучаки фароҳамшуда аз донишҷуёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳо ҳастанд. Аммо муҳофизи ҳуқуқ, раиси созмони Ҷомеъаи мутамадин Светлана Ганушкина ин хулосаи раиси пулисро ба боди интиқод кашид.

Вай гуфт, бори саввум аст, ки ҳар сол дар моҳи ноябр гурӯҳҳои миллатгаро дар Маскав раҳпаймоиҳои фашистӣ анҷом медиҳанд, вале мақомоти Маскав бар зидди онҳо ҳеҷ тадбире намеандешанд, дар ҳоле, ки онҳо ошкоро шиорҳои одамбадбинона мезананд ва ба зуроварӣ ба даъват мекунанд.

Афзоиши бегонаситезиро ахиран бархе аз намояндагони баладпояи мақомоти Русия низ тасдиқ мекунанд. Чанде пеш муъовини аввали умури дохилаи Русия Александр Чекалин таъйид кард, ки солҳои ахир ҷунбиши ифротигарой ду баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2004 дар заминаи бегонаситезӣ 130 ҷиноят ошкор шуда бошад, чунин ҷиноёт дар соли 2007 ба 365 расид. - гуфтааст муъовини аввали вазири дохилаи Русия.