Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони ҷавони тоҷик дар Русия


Муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз сохтмонҳо дар Маскав
Муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз сохтмонҳо дар Маскав

Бино ба омори ахири Созмони байнулмилалии кор, дар Русия беш аз 700 000 муҳоҷири кории тоҷик кор ва зиндагӣ мекунад.

Аксари муҳоҷирони кории ҷавони тоҷик дар шароитҳои сангин дар сохтмонҳо ва бозорҳои Русия кор мекунанд ва аксари онҳо ба тарзи ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Барои мисол дар ин рӯзҳои сарди Маскав пинҳонӣ вориди як сохтмон шудем, ки дар он муҳоҷирони ҷавони тоҷик кор мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳатто аз гуфтани вазъи зиндагии худ ба як хабарнигор ҳарос доранд.

Худи корфармоён низ аз мулоқот бо хабарнигорон ва ҳар фарди бегона дар дохили сохтмон нигарон ҳастанд, зеро онҳо муҳоҷиронро дар ҳоли беҳуқуқӣ кор мефармоянд ва агар ба дасти хадамоти молиётӣ ё муҳоҷиротӣ биафтанд, ҳам коргарро аз даст медиҳанд ва ҳам ҷаримаи бузург месупоранд.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар сохтмонҳои Русия 11 ё 12 соат дар як рӯз кор мекунанд ва рӯзҳои таътил надоранд. Сафархуҷа аз шаҳри Турсунзода, ки аз соли 1993 дар сохтмонҳои шаҳри Маскав кор мекунад, гуфт, мо дар рӯзҳои таътил барои он истироҳат намекунем, ки пули бештар ба даст биёрем.

Ҳамчунин дар ин сохтмон бо Суҳроб ном як ҷавони дигари тоҷик ошно шудам, ки орзу дорад, дар Маскав то 1000 доллар маош бигирад ва дар солҳои наздик оиладор шавад. Ҷавони дигар бо номи Ҷонибек аз ноҳияи Турсунзода як сол аст, ки дар сохтмон дар Маскав кор мекунад. Вай дар сохтмон ҳар рӯз 12 соат кор мекунад ва чандон маоши хубе ба даст намеорад. Маоши Ҷонибек дар як моҳ аз 11 ҳазор то 15 ҳазор рублист, ки муодили 600 доллар аст.

Бино ба омори назарсанҷии Русия ҳар сол муҳоҷирони кории тоҷик ба ватани худ беш аз 1 милиард доллар равон мекунанд, ки тақрибан 44 дар сади даромади дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG