Ҳизби раисҷумҳури Гурҷистон пирӯз шуд

Раисиҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, ҳизби ӯ метавонад дар интихоботи порлумонӣ беш аз 60 дарсади курсиҳои маҷлисро ба даст биёрад.

Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили аз пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи порлумонии рӯзи чоршанбе, 21 май, сӯҳбат мекунад, мухолифин мақомотро ба тақаллуби натоиҷи ин раъйдиҳӣ айбдор мекунанд.

Ҳайъати нозирони САҲА рӯзи панҷшанбе ҷараёни интихоботи порлумонии Гурҷистонро “дар маҷмӯъ мусбат” арзёбӣ кард, вале афзуд, бо вуҷуди пешрафт дар муқоиса бо интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи январ, раванди интихобот “ноҷӯру нотамом“ ва ҳамроҳ бо мушкилот боқӣ мондааст. Дар баёнияи нозирони байнулмилалӣ омадааст, рӯзи интихобот ба сурати умум ором гузашт, вале дар бораи чандин мавриди тарс додани мардум гузориш шудааст, ки бояд бозрасӣ шаванд.

Жоао Соареш, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА гуфт, барои такмили раванди интихоботи Гурҷистон мушкилот ва кори зиёде боқӣ мондааст. Соареш гуфт, давлати Гурҷистон дар арафаи ин маърака қонуни интихоботро ба сурати якҷониба ва ба шевае, ки ба назари мухолифин, ба фоидаи ҳизби ҳоким аст, тағйир дод. Вай афзуд, дар бисёр маворид байни фаъолиятҳои давлат ва маъракаи ҳизби ҳоким фарқе дида намешуд.

Натоиҷи муқаддамотие, ки Коммиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон рӯзи панҷшанбе бар асоси шумориши тақрибан нисфи оро нашр кард, ҳокист, ки Ҷунбиши Иттиҳоди Миллии Саакашвили тақрибан 61 дарсади ороро ба даст овардааст. Дар мақоми дуввум Иттиҳоди мухолифин, бузургтарин эътилофи мухолифи давлати кунунист, ки бар асоси натоиҷи эълоншуда, ҳудуди 13 дарсади ороро бурдааст.

Раисиҷумҳур Саакашвили ба хабаргузории Ройтерс гуфт, чунин мизони бузурги ҳимояти мардум ҳатто худи ӯро ҳайратзада кардааст. Саакашвили ҷараёни интихоботро озоду мунсифона тавсиф карда, гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, ҳизби ӯ аксарияти конститутсионӣ дар маҷлиси навро соҳиб хоҳад шуд.

Давид Бакрадзе, вазири пешини умури хориҷии Гурҷистон, ки интизор меравад, номзади Ҷунбиши Иттиҳоди Миллӣ ба мақоми раёсати ҳайъати нави парлумон шавад, ҳанӯз шоми чоршанбе, баробари маълум шудани натоиҷи экзит-поллҳо, ё худ назарсанҷиҳои дар ҳошияи ҳавзаҳои раъйдиҳӣ анҷомшуда, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, “албатта, вокуниши мо мусбат аст. Тафовут байни Ҷунбиши Миллӣ ва наздиктарин рақиби мо ба таври рӯшан нишон медиҳад, ки Ҷунбиши Миллӣ пуштибонии аксари мардуми Гурҷистонро ба даст овардааст.”

Аммо вокуниши мухолифини гурҷӣ ба хабари пирӯзии ҳизби ҳоким зиёд дер накард. Билофосила, баъди анҷоми раъйдиҳӣ ва ҳам субҳи панҷшанбе аз 3 то 5 ҳазор нафар аз тарафдорони мухолифин дар Тифлис ба хотири намоиши ин ки ғолиби аслии интихобот онҳоянд, ба хиёбонҳо рехтанд. Давид Гамкрелидзе, раҳбари эътилофи мавсум ба Иттиҳоди мухолифин, ки 9 ҳизбро муттаҳид мекунад, мегӯяд “экзит-поллҳо танҳо хостҳои давлат ва хостҳои Саакашвилиро инъикос мекунад. Воқеъият комилан дигар аст. Ва ин воқеъият барои ман комилан рӯшан аст. Онҳо бой доданд. Онҳо ин рӯзро бохтанд, онҳо қудратро бохтанд.”

Давид Гамкрелидзе, раҳбари Иттиҳоди Мухолифин, умдатарин ташаккули сиёсии мухолифини гурҷӣ, афзуд, мақомот даст ба тақаллуби интихобот задаанд ва аз ин рӯ, натоиҷи он бояд лағв ва интихоботи ҷадид барпо карда шавад.

Бар асоси шумориши то кунун анҷомшудаи оро, садди панҷдарсадиии мавҷуд дар роҳи вуруд ба ҳайъати нави парлумонро ба ҷуз аз ҳизби ҳоким ва эътилофи Гамкрелидзе танҳо 2 ҳизби дигар убур мекунанд. Ҷунбиши демократҳои масеҳӣ, ки дар моҳи феврал аз Иттиҳоди Мухолифин ҷудо шуда, мустақилона ба интихобот рафт, 8 дарсади оро ва Ҳизби коргари Гурҷистон 6 дарсади раъйи мувофиқи мардумро касб кардаанд.