Бар тибқи ин эъломи КМИР, дар интихоботи порлумонии 21-уми май доиршуда ҳизби ҳокими «Ҳаракати ягонаи миллӣ» бо бартарии калон пешсаф аст.
КМИР-и Гурҷистон эълом намуд, ки баъди ҳисоби ороъи 204 аз тақрибан 3 500 қитъаҳои интихоботӣ ин ҳаракат, ки аз тарафи раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ сарварӣ мешавад, 62,3%-и ороъи интихобкунандагони дар ин маъракаи сиёсӣ ширкатнамударо касб кардааст.
Блоки «Мухолифони муттаҳид» бо касби 14,2%-и ороъ аз «Ҳаракати ягонаи миллӣ» ҷиддан ақиб мемонад. Ин иттилоъ дар сомонаи интернетии КМИР-и Гурҷистон мавҷуд аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки 21-уми май баъди басташавии қитъаҳои интихоботии кишвар бар тибқи натоиҷи exit-polls (пурсишҳои интихобкунандагон дар пушти дарҳои қитъаҳои интихоботӣ баъди раъйдиҳӣ) дар интихобот бо бартарии зиёд аз 11 ҳизбу блокҳои мухолифин ҳизби «Ҳаракати ягонаи миллӣ» пешсаф мебошад.
Дар ҳамин ҳол мухолифони ҳукумат фавран эътироз намудааст ва ваъда додааст, ки, агар КМИР чунин пурсишномаҳоро тасдиқ намояд,
«шӯриши мардумӣ»-ро ташкил хоҳад кард.
Ҳамин тавр, нимашаб дар назди кохи варзишӣ дар пойтахти гурҷистон як таҷаммуъи зудҳангоме ба вуқӯъ пайваст, ки баъди чанд соат пароканда гардид. Вале мухолифин аз тазоҳуркунандагон тақозо карданд, ки рӯзи панҷшанбе боз ба майдон бароянд.