Бархе аз сиёсатмадорони Тифлис хостори хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Русия аз Абхазистон ва ба ҷойи онҳо омадани неруҳои зудамали Иттиҳодияи Аврупо шудаанд.
Кумитаи умури байнулмилалии Маҷлиси намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳида тарҳи изҳорот оид ба авзоъи атрофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро таҳия ва онро барои баррасӣ ба Конгресс ироа кард. Дар ин санад тасмимҳои ахири Русия, аз ҷумла, ба роҳ мондани равобити наздиктар бо ин ду минтақаи ҷудоихоҳ ва афзоиши теъдоди неруҳои посдори сулҳ дар Абхазистон чун “талоши поймолсозии якпорчагии Гурҷистон” ва “мушкилтар сохтани дарёфти роҳи эътидол миёни Гурҷистон ва Абхазистону Осетияи Шимолӣ” арзёбӣ шудааст.
Конгрессменҳо аз Маскав даъват кардаанд, ки ба таври фаврӣ тасмими худро лағв кунад. Онҳо ҳамчунин аз вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО хостаанд, ки дар нишасти худ дар моҳи декабри соли равон ба дархости Тифлис барои пайвастан ба Барномаи амали узвият ба ин Паймон посухи мусбат диҳанд.
Дар ҳамин ҳол дирӯз вазорати умури хориҷаи ИМА афзоиш ёфтани теъдоди неруҳои посдори сулҳи Русия дар Абхазистон то 3 ҳазор нафарро маҳкум кард. Намояндаи Департаменти давлатӣ Шон Маккормак эълом дошт, ки “Амрико дар мавқеъи пуштибонӣ аз ваҳдат ва якпорчагии Гурҷистон қарор дорад”. Ёвари Муовини Котиби давлатии Амрико Метю Брайза гуфт, ки “ибтикори афзоиши теъдоди посдорони сулҳ дар Абхазистон шояд хилофи қонун нест, вале он авзоъи сиёсиву низомӣ дар минтақаро ташдид мебахшад”.
Рӯзи гузашта Ҳавиер Солана, масъули бахши равобити байнулмилалии Иттиҳодияи Аврупо амалҳои ахири Русияро “бехирадона” номида буд. Намояндаи расмии НАТО Ҷеймс Аппатурай иқрор кард, ки Русия ҳаққи афзоиш додани теъдоди неруҳои посдори сулҳро дорад ва аммо, афзуд ӯ, “ин гом имрӯ на ба коҳиши вазъ, балки ба шиддати бештари он мусоидат мекунад”. Ӯ афзуд, ки амалҳои ахири Русия, яъне талоши қаробати бештар бо Абхазистон ва изҳорот дар бораи омодагии истифода аз нерӯ ба хотири дифоъ аз шаҳрвандони руси муқими ин минтақаи ҷумҳурихоҳ – таҳдид ба якпорчагии Гурҷистон аст.
Ба ин нукта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Гурҷистон Георгий Таргамадзе низ ишора кард. Ӯ гуфт, «мо ба дарки вазъ ва пуштибонӣ аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ умед мебандем. Аммо аз сӯи дигар, мо ақиб гаштанӣ нестем ва наметавонем, ки ҳатто аз як пора замини қаламравамон даст кашем. Аз ин рӯ агар ҷангу таҷовуз шурӯъ шавад, неруҳои мусаллаҳи Гурҷистон аз Ватани худро дифоъ хоҳанд кард. Мо неруи кофие дорем, ки ватани худро дар ҷанги таҷовузкоронаи Русия ҳимоя кунем».
Ахиран Шота Малашхия, узви комиссиюни порлумонии эҳёи якпорчагии Гурҷистон, аз Порлумони Аврупо даъват кард, ки мавзӯъи ихроҷи неруҳои посдори сулҳи Русия аз марзи миёни Абхазистону Гурҷистон ва ба ҷойи онҳо мустақар шудани неруҳои зудамали Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, “неруҳои посдори сулҳи Русия наметавонанд дар ин минтақа бимонанд, зеро онҳо на миёнҷигар, балки як ҷониби низоъ маҳсуб мешаванд”.