Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангандаи русӣ ба ҳавопаймои гурҷӣ (Видео)


Гурҷистон сабти видеоии ҳадафи мушаки ҷангандаи Русия қарор гирифтан ва сарнагун шудани як ҳавопаймои худро интишор кардааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия ҳодисаи сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистонро рад кардаанд, фармондеҳи Неруҳои ҳавоии Гурҷистон Давид Наирашвилӣ рӯзи сешанбе ба хабарнигорон навори видеоиеро намоиш дод, ки дар он ҷангандаи русӣ ҳавопаймои гурҷиро ҳадафи мушак қарор додааст.


Фармондеҳи Неруҳои Ҳавоии Гурҷистон гуфт, радар нишон медиҳад, ки ҷангандаи русӣ, ки аз пойгоҳи низомии воқеъ дар Абхазистон парвоз кардааст, ба ҳавопаймои бидуни сарнишини гурҷӣ дар наздикии деҳи Ганмухурӣ чанд мушак партоб кард ва сипас ба самти шимол ба Русия парвози худро идома додааст.

Вай тавзеҳ кард, навори видеоӣ нишон медиҳад, ҷангандае ки ҳавопаймои гурҷиро сарнагун кард, моли Русия аст ва МИГ-29 ном дорад. Ҳавопаймои сарнагуншуда моли вазорати дохилаи Гурҷистон буд ва дар марзҳои кишвар иттилоот ҷамъ мекард, гуфт ӯ.


Ин дар ҳолест, ки намояндаи Неруҳои ҳавоии Русия Александр Дробишевски хабари ҷониби Гурҷистонро рад карда гуфтааст, 20 апрел, рӯзи якшанбе, замоне ки ҳавопаймои гурҷӣ сарнагун шуд, дар Русия таътил буд ва сарнишинони неруҳои ҳавоии Русия истироҳат мекарданд. Вай тавзеҳ кардааст, ки ҳавопаймои гурҷиро неруҳои миллии дифоъии Абхазистон сарнагун кардаанд. Дар муқобил фармондеҳи неруҳои ҳавоии Гурҷистон Наирашвилӣ таъкид кардааст, ки Гурҷистон ва ҷудоихоҳони абхазӣ ҳавопаймои МИГ-29 надоранд.





Ҳодисаи суқути ҳавопаймои гурҷӣ вазъи печидаи сиёсии байни Гурҷистон ва Русияро боз ҳам муракаб кардааст. Дар ин робита Гурҷистон ба Шурои Амнияти СММ шикоят бурдааст. Ба гуфтаи намояндаи Русия дар СММ Виталӣ Чуркин, тарҳи шикояти Гурҷистон рӯзи чоршанбе паси дарҳои баста баррасӣ хоҳад шуд. Бино ба гузоришот, тарҳи шикоятномаро дар ҷаласаи СММ вазири хориҷаи Гурҷистон Давид Бакарадзе матраҳ хоҳад кард.

Ҳамзамон дафтари матбуоти Кремл хабар додаст, В. Путин раиси ҷумҳурии Русия, тайи тамоси телефонӣ бо Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон, парвоз дар фазои Абхазистон ба ҳадафи низомиро хилофи созишномаи оташбаси соли 1994, байни Гурҷистон ва Абхазистон номид. Пештар Михайл Саакашвилӣ гуфтааст, ин амали Русия нақзи дағали Ойинномаи СММ ва амали байнулмиллалии таҷовузгароёна ва бомборони хоки давлати мустақил аст.


Аммо муъовини аввали раиси Думаи давлатии Русия Олег Морозов эъломияҳои ахири мақомоти Гурҷистон дар қиболи Русияро дур аз ҳақиқат номидааст. Олег Морозов гуфт, амалкарди ахири Тифлис на дар қиболи Абхазистон ва на дар мавриди талоши узвияти Гурҷистон ба НАТО барои беҳшавии равобити Русияву Гурҷистон мусоидат намекунад. Ҳамзамон шеваи баёни мақомоти Гурҷистон хеле ҷангуёна шудааст, таъкид кард муъовини Думаи давлатии Русия.


Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ ду минтақаи ҷудоихоҳ аз Гурҷистон бо Русия равобити наздик доранд, вале Русия истиқлоли онҳоро ба расмият нашинохтааст. Мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, Русия аз ин ду минтақаи ҷудоихоҳ ба манзури фишор болои Гурҷистон ва ҳамчунин василаи ҷилавгирӣ аз узвияти Гурҷистон ба созмони Атлантикаи Шимолӣ НАТО истифода менамояд.

XS
SM
MD
LG