Дар изҳороти вазорати хориҷаи Гурҷистон омадааст, тасмими Маскав барои равобити наздиктар бо ин ду минтақаи ҷудоихоҳ “гоми хатарнокест дар роҳи забти қаламрави Гурҷистон”.
Вазорати хориҷа аз Паймони НАТО, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ даъват кардааст, ки ба ин қазия расидагӣ кунанд. Ба ин нукта имрӯз Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон низ ишора кард. Ӯ гуфт, ки "аз Федеросиюни Русия мо интизорем ва талаб мекунем, ки ҳамаи тасмимҳои алайҳи истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон қабулкардаашро бознигарӣ кунад. Ман мехоҳам, ки ҳар кас бидонад, мо барои ҷалби пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба хотири аз роҳи осоишта муттаҳид кардани Гурҷистон талош хоҳем кард".
Дирӯз Иттиҳодияи Аврупо ва Паймони Атлантики Шимол (NATO) эълом доштанд, ки аз тасмими Русия барои қаробати наздиктар бо ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон сахт нигаронанд. Яаап Де Ҳуп Схеффер, Дабири Кулли NATO аз Маскав хост, ки ин тасмимро бознигарӣ кунад. Шон МакКормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида амали Русияро “шарри сиёсӣ” номид. Ва аммо Михаил Каминин, муовини вазири хориҷаи Русия? ин интиқодро рад кард ва гуфт, ки тасмими ахири Кремлby ҳадафи боз ҳам тезутундтар кардани низоъ бо Гурҷистонро надорад.
Вале, дар ҳамин ҳол, ин изҳорот дарди сари Тифлисро, ки мехоҳад ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро ба ҳайъати кишвар баргардонад, кам накард. Дар ин робита раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба хотири баррасии вазъи ба вуқуъпайваста нишасти оҷили ҳукуматро даъват кардааст.
Дар изҳороте, ки дирӯз баъд аз нишасти фаврии Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон пахш гардид, вазири хориҷаи кишвар Давид Бакрадзе тасмими Маскавро “қонунигардонии забти Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ” арзёбӣ кард.
Аз нигоҳи коршиносон, тасмими Маскав барои равобити зичтар бо Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ худ як бахши талошҳои тақвияти ҳузураш дар Қафқоз аст. Чанд рӯз пеш Русия таҳримҳои иқтисодӣ дар баробари ин ду минтақаи ҷудоихоҳро лағв кард ва эълом дошт, ки дар пойтахтҳои Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ намояндагиҳои, ба истилоҳ “нимарасмӣ”-и худро ифтитоҳ мекунад.
Маскав то ҳанӯз истиқлоли ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро эътироф накардааст, аммо ҳушдор дода буд, ки дар сурати эътирофи Косово аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ба расмият шинохтани Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро баъид намедонад.
Гуфта мешавад, ки Русия бо ин ду ҷумҳурии Қафқози шимолӣ робитаи наздики ғайрирасмӣ дорад ва онҳоро сармоягузорӣ мекунад. Бештари сокинони Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ соҳиби шиносномаи Русия мебошанд.