Доруҳои бепул, вале беному нишон

Гулбаҳор, сокини Душанбе, ки гирифтори бемории қанд аст, мегӯяд, боре ҳам ёд надорад, ки ба вай дар дармонгоҳ доруи бепул пешниҳод карда бошанд.
Хонум Гулбаҳор меафзояд, дар дармонгоҳи маҳалли зисташ дар шаҳри Душанбе сабти ном шудааст ва муштарии доимист. Вай чун муштарии доимӣ барои санҷиши меъёри қанд дар таркиби хуни худ тақрибан ҳар моҳ аз муоина мегузарад ва доруҳову витаминҳои гуногун харидорӣ мекунад. Вале боре ҳам ба вай аз ҳисоби кӯмакҳои беҳдоштии башарӣ доруи ройгон ё муоинаи бепули хун пешкаш накардаанд.

Гулбаҳор як шаҳрванди маъмулии шаҳри Душанбест. Вай ҳатто намедонад, ки бемороне мисли вай ҳақ доранд аз ҳисоби кӯмакҳои созмонҳои байнулмиллалӣ ё муассисаҳои молии ҷаҳон ба таври ройгон дору ва дармони худро дастрас кунанд. Вай барои харидории доруву дармон маъмулан ба кӯмаки хешовандонаш такя мекунад.

Ташкилотҳои байнулмилалӣ маводи хӯрока ва дорувор ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мекунанд, вале ба беморон ин дорӯҳо намерасад ...
Маҳдии Собир, як сокини дигари шаҳри Душанбе, мегӯяд, барои касе пинҳон нест, ки дар дорухонаҳои шаҳр кӯмакҳои беҳдоштӣ, яъне доруҳоро ба фурӯш гузоштаанд. Вай меафзояд, "ташкилотҳои байнулмиллалӣ маводи хурока ва дорувор ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мекунанд, вале ба беморон ин доруҳо намерасад. Гурӯҳҳои махсусе ҳастанд, ки дар дорухонаҳо ин доруҳоро мегиранд ва ба дуконҳои доруфрӯшии худ оварда мефурӯшанд".

Доктор Сантино Северонӣ, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, ин суханони Собирро рад намекунад ва мегӯяд, дар Тоҷикистон низ мисли соири кишварҳо ришвахорӣ мушоҳида мешавад ва дар бахши беҳдошт ва тақсими кӯмакҳои ройгони беҳдоштӣ низ ин кор истисно нест.

Вале меафзояд, "мо сарусадоҳо ва маълумот дар бораи ришвахориро шунидаем, вале мо дар ин бора маълумот дода наметавонем. Ин кори мо нест ва мо наҳваи тақсимоти доруро назорат намекунем. Чунин навъи ришвахорӣ маълум аст ва мо бар зидди он мубориза ва кор мекунем ва ҳар гуна фурӯш ба унвони иқдоми ғайриқонунӣ бояд маҳкум шавад. Ин кор баррасӣ ҳам намешавад".

Ба гуфтаи оқои Северонӣ, фурӯши ғайриқонунии доруҳои ройгони кӯмакӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Дар баъзе дармонгоҳҳо, аз ҷумла дар дармонгоҳҳои ғайридавлатӣ табибон низ шиква мекунанд ва мегӯянд ин кӯмакҳои беҳдоштӣ ба мардум тааллуқ дорад ва он набояд тавассути сохторҳои ҳукуматӣ тақсим шавад.

Дилбар Қаробекова, олим ва табиби мустақили тоҷик, дар бораи тақсими кӯмакҳои беҳдоштӣ чунин назар дорад, ки "чунин ёриҳо бояд ба дасти худи ниёзмандон расад. Ҳозир мо намедонем, ки ин ёриҳо куҷо меравад ва дар куҷо тақсим мешавад. Ин ёрӣ барои ҳукумат наомадааст ва бояд ба дасти мардум бирасад".

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, солҳои ахир шумораи беморони қанд ва сил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ин ду беморӣ ба мушкили беҳдоштиву иҷтимоии ин кишвар табдил ёфтааст. Масалан, агар дар соли 2007 дар дармонгоҳҳо ва муассисаҳои дигари беҳдоштӣ бо бемории қанд тақрибан 16,5 ҳазор нафар сабти ном шуда бошанд, ин шумора дар соли 2008 ба бештар аз 20 ҳазор нафар расидааст.

Агар дар соли 2007 дар дармонгоҳҳо ва муассисаҳои дигари беҳдоштӣ бо бемории қанд тақрибан 16,5 ҳазор нафар сабти ном шуда бошанд, ин шумора дар соли 2008 ба бештар аз 20 ҳазор нафар расидааст ...
Бемории сил низ ба ҳамин тартиб дар ҳоли густариш аст. Дар давоми чор соли гузашта ҳар сол танҳо барои харидории доруҳои муолиҷаи сил Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 350 ҳазор доллар ихтисос додааст. Global Fund низ барои 5 соли оянда дар ин бахш 17 миллион доллар ихтисос додааст. Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар соли 2008 барои ҳар 100 ҳазор нафар аз аҳолии кишвар 170 нафар гирифторони нави бемории сил сабти ном шудаанд, вале танҳо дар шаш моҳи соли 2009 ин рақам ба 120 нафар расидааст.

Дилбар Қаробекова сабаби афзоиши чунин бемориҳоро ин гуна тавзеҳ медиҳад, ки "бештар мардуми нодор, ки шароит ва ғизои хуб надоранд гирифтори бемории сил мешаванд. Ин бемории норасоии ғизо низ ҳаст. Масалан модаре, ки дар батнаш кӯдак дораду сафеда намегирад, бо ин беморӣ кӯдаки носолим ба дунё меорад".

Хонум Дилбар пешниҳод мекунад, ки хуб аст, агар дар оянда кишварҳо ва муассисаҳои кӯмаккунанда барномаҳои худро на танҳо бо назардошти муолиҷаи ин бемориҳо, балки бо назардошти роҳҳои ҷилавгирӣ аз сар задани ин бемориҳо танзим кунанд, то аз афзоиши бемориҳо пешгирӣ шавад.

Вай ба таври намуна дар бораи молҳои воридотии беҳдоштӣ чунин мегӯяд, "масалан, мо орд дорем, орди дар таркибаш ёддор надорем. Орд дорем, орди оҳандор надорем, ки мардум аз ин роҳ низ ҳамин ёду оҳани барои организм заруриро гиранд. Барои ҳамин хуб аст, ки ба мо молҳои беҳдоштӣ фиристанд ва аз бемор шудан пешгирӣ кунанд".

Бо назардошти афзоиши бемории қанд ва сил мумкин аст Тоҷикистон аз кишварҳо ва муассиаҳои кӯмаккунанда дар оянда хостори кӯмакҳои бештар шавад. Ҳамаи мусоҳибони мо ҳангоми гуфтугӯ таъкид карданд, ки дар Тоҷикистон барои назорат бар тақсими дурусти кӯмакҳои беҳдоштӣ ниҳоди назоратӣ ё мониторинг зарур аст ва он бояд аз мавридҳои хариду фурӯши доруҳо ба ниёзмандон, соири кӯмакҳои беҳдоштӣ ва ҳатто таҷҳизоти беҳдоштӣ пешгирӣ кунад, чун ин доруҳо аз роҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо пули кишварҳои кӯмаккунанда ва бонкҳои байнулмиллалӣ харидорӣ ва барои тақсими минбаъдаи ройгон дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад.