Назар ба гуфтаи онҳо, ҳудуди як сол мешавад, ки бо иллати фарсуда шудани иншооти обрасонӣ ва лулаҳои он сокинони хонаҳои онҳо аз оби ошомиданӣ маҳрум шудаанд. Вале, мегуянд онҳо, ҳукуматдорон ва ниҳодҳои масъули соҳа ба ҷуз ваъда кори дигареро то кунун ба анҷом нарасондаанд. Аз ин боис, гуфтанд ҷамъомадагон, барои арзи худро нисбати беобӣ ба ҳокими шаҳр расонидан ба назди бинои ҳукумат омадаанд.
Як тан аз гирдомадагон Гуландом Ҳамроева мегуяд, онҳо бо намондагии 25 хонавода ё 300 нафар сокинони ин хонаводаҳо ба нишони эътироз ҷамъ омадаанд. Аммо, ба таъйиди хонум Ҳамроева, арзи онҳоро касе аз ҳукуматдорон бо баҳонаи он, ки ҳоло рӯзҳои фароғатист ва ҳамчунин роҳбарон дар ҷаласа банд мебошанд, шунидан нахостаанд.
Азиза Раҷабова, яке аз сокинони ин маҳалла, ки пизишк будааст, мегуяд, муддатҳои тулонӣ кудакону модарон бинобар набуди об беш аз масофаи 2 километр об мекашонанд ва баъзан аз ноилоҷӣ оби ҳавзу қулмакҳоро низ истифода мекунанд, ки ин боиси мубталошавӣ ба бемориҳои гуногун мешудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи масъулини корхонаи обтаъминкунӣ ва корези ноҳияи Панҷакент, бинобар он ки иншооти обрасонии шаҳр солҳои 60-уми қарни гузашта бунёд шудаанд ва ба вижа бар асари сардиҳои соли равон 70 дарсади он ба иллати яхбандӣ аз кор баромадааст. Аз ин хотир, мегуянд онҳо, мушкилоти бо об таъмин кардани аҳолӣ, ба хусус хонаҳои бисёрошёна, дар ҳоли ҳозир пеш омадааст.