Раҳбарони 28 кишвари узви паймони НАТО дар Лиссабон - пойтахти Португалия нишасти дурӯзаи худро оғоз карданд. Онҳо пешниҳоди Ҳомид Карзайро баррасӣ мекунанд, ки гуфтааст, нируҳои худи Афғонистон то соли 2014 масъулияти амният дар кишварро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Интизор меравад, ки Ҳомид Карзай рӯзи шанбе дар суханронии худ дар ин бора барномаҳои худро пешниҳод кунад. Дар остонаи нишасти Лиссабон мақомоти расмии ғарбӣ гуфта буданд, ки нирӯҳои хориҷӣ аз соли оянда хуруҷ аз Афғонистонро оғоз мекунанд.
Рӯзи шанбе ба мулоқоти 28 кишвари узв кишварҳои дигар, ононе, ки воҳидҳои низомиашон дар Афғонистон мустақаранд ва узви эътилофи байналмиллалӣ дониста мешаванд, ба мулоқот хоҳанд пайваст ва бад-ин тариқ шумораи кишварҳои ширкаткунанда дар мулоқот ба 48 адад хоҳад расид.
Дар гузаштаи наздик Ҳомид Карзай аз НАТО дархост кард, ки амалиёти низомии шабона бар зидди раҳбарони Толибонро коҳиш диҳанд.
НАТО кумакҳо ба Кобулро идома медиҳад
Дог Лют, ёвари вижаи Барак Обама дар умури Афғонистону Покистон, гуфт, бо вуҷуди вогузор кардани амнияти Афғонистон ба нирӯҳои ин кишвар, паймони НАТО кӯмакҳои худро ба ин кишвар идома медиҳад.
Ӯ афзуд: "Ба хотири мутмаин сохтани афғонҳо, ки агар онҳо амниятро ба даст бигиранд, онҳо танҳо нахоҳанд буд, интизор меравад, ки НАТО ҳамкориҳои қавӣ бо Афғонистонро ба нақша хоҳад гирифт. НАТО ӯҳдадориҳои худро барои тақвияти нируҳои миллии амниятии Афғонистон ҳифз хоҳад кард".
Бо вуҷуди ин, коршиносон бар ин ақидаанд, ки комёбии нируҳои Афғонистон дар ҳифзи амнияти кишвари худ баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба натиҷаҳои музокира бо Толибон низ иртибот хоҳад дошт.
Талошҳои нав барои ҳамкорӣ бо Русия
Дар нишасти раҳбарони кишварҳои НАТО Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, низ ширкат дорад ва интизор меравад, ки масъалаи сипари зидди мушакӣ дар Аврупо низ баррасӣ шавад.
Масъалаҳои сипари зидди мушакӣ, ҳузури нирӯҳои НАТО дар Афғонистон ва барномаҳои стротегияи нави паймони НАТО аз масъалаҳои аслии дастури рӯзи мулоқоти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар лиссабон ба шумор мераванд.
Дар ин нишаст Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия низ ширкат дорад ва мумкин аст дар давоми ду рӯзи кори ин нишаст масъалаи густариши ҳамкориҳои НАТО бо Маскав низ ба масъалаҳои муҳим табдил ёбад.
«Яке аз муҳимтарин мулоқотҳо»
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО, дар остонаи ин нишаст ба рӯзноманигорон гуфт, вай фикр мекунад, ки нишасти кунунӣ дар таърихи 61 солаи ин паймон "яке аз муҳимтарин мулоқотҳо хоҳад буд".
Бино ба гузоришҳо, 28 кишвари узви паймони НАТО роҷеъ ба системи нави дифои зидди мушакҳои болдор ба тавофуқ наздик шудаанд. Ин систем ҷойгузини системи қаблии дифои зидди мушакӣ дар Аврупост, ки Барак Обама дар охири соли гузашта онро ботил эълон кард, зеро Русия ҳам ба ин тарҳ мухолифати шадид нишон дод. НАТО талош дорад Русияро ташвиқ кунад, ки дар тарҳи таҷдидшудаи дифои зиддимушакии Аврупо ширкат кунад.
Амрико мехоҳад муносиботашро бо Русия мисли Фаронсаву Олмон наздик кунад. Дар назар аст, ки рӯзи шанбе ҷаласаи Шӯрои НАТО-Русия бори аввал бо ширкати Барак Обама ва Дмитрий Медведев, руасои ҷамоҳири Амрикову Русия, баргузор шавад.
Дар ин ҷаласа ба таври иловагӣ баррасии дифои зиддимушакӣ, манъи густариши аслиҳа, муборизаи зиддитерроризм, сиёсатҳои зидди маводи мухаддира ва амнияти интернетӣ дар назар аст. Интизор меравад, ки паймони НАТО ва Маскав дар бораи ҳамлу нақли мавод ва колоҳои ғайринизомӣ тавассути қаламрави Русия қарордоде имзо кунанд.
Дар ёддоште ба рӯзноманигорон Иво Долдер, намояндаи Амрико дар НАТО, гуфт, Обама талош дорад дар муносибот бо Маскав тағйирот ба амал орад. Ӯ гуфт, ин ҷаласа имконест барои Русия ва НАТО, ки таҷдиди назар дар муносиботашонро такмил кунанд.