Хоруғ: ҳамоиши эътирозии соҳибкорон

Дар Хоруғ ҳудуди 300 нафар ба нишони эътироз аз аъмоли намояндагони додситонии вилоят ва талаби бозгардони 6 русто ба ҳайати вилоят тазоҳурот карданд.

Таҷаммуъи мардум, ки дар назди бинои ҳукумати вилоят сурат гирифт, беш аз як соат идома кард ва пас аз мулоқоти намояндагони ҷамъомадагон бо мақомоти ҳукумат пароканда гардид.

Ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа, гирдиҳамомадагон дукондорону соҳибкорони ноҳияи Роштқалъа буда, сабаби таҷаммуъи онҳо дар маркази вилоят рафтори намояндагони додситонии вилоят дар қиболи онҳо будааст. Ба нақл аз ҷамъомадагон, як гурӯҳи намояндагони додситонӣ ҳини тафтиши кору иҷозатномаҳои дукондорони ноҳияи Роштқалъа хостаанд аз дукондорон бидуни пардохт сузишворӣ бигиранд. Ва ин амали онҳо боиси ҷанҷолу занозанӣ миёни фурушандагону намояндагони додситонӣ шудааст ва дар натиҷаи он 4 нафар кормандони додситонӣ, аз ҷумла муовини аввали додситони вилоят Ёразиз Ғуломалиев, захм бардошта, ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Ҳамзамон дар доситонии вилояти мухтори Бадахшон гуфтанд, ки тафтиши соҳибкорони ноҳияи Роштқалъа тибқи нақша анҷом дода шудааст. Онҳо ҳамчунин иддаои эътирозкунандагон дар бораи рафтори намояндагони худро рад кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин гирдиҳамоӣ ҳамчунин масъалаи ахиран ба ноҳияи Тавилдара дода шудани 5 деҳаи Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ низ бардошта шудааст ва ҷамъомадагон дар ин робита ибрози нигаронӣ кардаанд.