Нархи орди Қазоқистон гаронтар мешавад?

Ҷумҳурии Қазоқистон имкон дорад то охири ҳафта ба содироти ғалла ҳаққи гумрукӣ муқаррар намояд ва ё содироти он аз кишварро комилан манъ созад.

Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, дар ҷаласаи ҳукумат ин масъаларо ба миён гузошт. Вай ба вазоратҳои кишоварзӣ ва санъати кишвар супориш дод, ки онҳо имкони муайян кардани ҳаққи гумрукӣ ба содироти ғалла ва ё манъ кардани содироти ғалларо баррасӣ намоянд.

Нахуствазир чунин пешниҳодро бар пояи он, ки дар бозори ҷаҳонӣ қимати ғалла бемайлон боло меравад, ба миён гузошт. Вай афзуд, ки дар ин маврид раванди ҷаҳонӣ изтиробангез аст ва нархи ғалла ҳамоно дар ҳоли болоравист.

Чунин кӯшиши ҳукумати Қазоқистон дар мавриди муайян кардани ҳаққи гумрукӣ ба солироти ғалла ва ё манъ кардани содиротро коршиносону аҳли назар амали ниҳоӣ ва иҷбории ҳукумат барои коҳиш додани содирот медонанд. Зеро ба гуфтаи Андрей Хан, коршиноси Пажуҳишгоҳи иттилооти ҷамъиятиву иктисодии Қазоқистон, чун дар бозори ҷаҳонӣ қимати ғалла дар ҳоли болоравист, ширкатҳои фурӯши ғалла ва ширкатҳои миллии давлатӣ мекӯшанд, ки ғалларо танҳо ба кишварҳои хориҷӣ бифрӯшанд ва суди бештаре ба даст оранд.

Дар натиҷа алъон фурӯши ғалла дар кишвар басо зиёд гардидааст ва ҳукумат таи чанд моҳ натавонист садди чунин раванд шавад. Бар илова, тавре Анор Мишембоева, сарвари Бунгоҳи омори Қазоқистон, гуфт, чунин раванд ба бозори дохилӣ низ таъсир расонд ва нархи нону маҳсулоти ордӣ моҳи март 1,2 дарсад боло рафт. Аз ин хотир ҳукумат алъон ба чунин тадобири манъкунӣ ва ё муайян кардани ҳаққи гумрукӣ даст заданист.

Вале ба андешаи аҳли назар, аз ҷумла коршинос Андрей Хан, муайян кардани ҳаққи гумрукӣ чандон ба бозори иқтисодӣ мутобиқат намекунад ва аз сӯи дигар ба андешаи коршинос гумон аст, Қазоқистон ба манъ кардани содироти ғалла даст занад.

Окои Хан ҳамчунин гуфт, ки агар кишвараш ба содлироти ғалла ҳаққи гумрукӣ муайян намояд, ин ба қимати ғалла дар бозори ҷаҳонӣ низ ба андозае таъсир хоҳад расонд, зеро алъон Қазоқистон ба ҷумлаи даҳ кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон шомил шудааст. Вале он нукта, ки ин кӯшиши Қазоқистон ба қимати ғалла дар минтақа таъсир мерасонад, бебаҳс аст ва нархи ғалла, ба бовари коршинос, дар Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон табиист, ки боло хоҳад рафт.

Лозим ба ёдоварист, Тоҷикистон яке аз воридкунандагони ғаллаи Қазоқистон аст ва ин кишвар аз Қазоқистон ҳар сол дар ҳудуди 600-700 ҳазор тонна гандуму орд мехарад.