Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон


Нон ғизои асосии аксари мардуми Тоҷикистон аст
Нон ғизои асосии аксари мардуми Тоҷикистон аст

Муассисаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ аз вазъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронии шадид кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ба дунболи сармои шадид, ки боиси талафоти теъдоди зиёди чорво дар Тоҷикистон шуд, фасли баҳор камбориш ва гарм омад. Ба иттилоъи муассисаи ғизо ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид, имсол Тоҷикистонро хушксолӣ ва ҳамлаи малах дар пеш аст. Ва имкон дорад ин вазъияти ногувор боиси боло рафтани қимати меваҷоту сабзавот, ғалла, гушт ва дигар маводи хурока шавад.

Шуҳрат Эгамбердиев, коршиноси Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ дар Душанбешаҳр, гуфт, имкон дорад қимати 1 кило гушт ба 25 сомонӣ ва аз ин ҳам болотар шавад. Вай далели болоравии қимати гушт, шакар, ғалла ва меваҷотро чунин тавзеҳ дод, ки бар асари сармои шадид теъдоди зиёди чорво талаф ёфта ва захираи чорво тамом шудааст. Ҳамчунин бо сабаби гармии ҳавои баҳори имсол алафи чарогоҳҳо хушк шудааст ва ба илова бахши аъзами чорво ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудааст.

Шуҳрат Эгамбердиев гуфт, вазъият дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва имкон дорад қимати маҳсулоти кишоварзӣ боло равад ва Тоҷикистон ба камбуди ҷиддии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шавад.

Барномаи ғизои СММ низ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро дар листи 15 кишвари камбағали осебпазир аз боло рафтани нархҳои маводи хурока қарор додааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир нархи орд дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон 70 дарсад, гандум – 128 дарсад ва равған – 126 дарсад афзудааст. Ва дар оянда имкони боз ҳам болотар рафтани қимати маводи ғизоӣ ва камбуди он вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар тули ду моҳи сармо – январ ва феврал – ба маблағи 10 миллион доллар маводи ғизоии кумакҳои башардустона, аз ҷумла наздик ба 3 ҳазор тонна орд, надик ба 200 тонна равғани рустанӣ, ба Тоҷикистон ворид шуд. Аммо маҷомоти Тоҷикистон алорағми пешбиниҳои барномаи СММ гуфтаанд, ки дар як моҳи пас аз зимистони шадид ва буҳрони энержӣ қимати маводи хурока дар бозор боло нарафтааст. Пас суоле матраҳ аст, ки мақомоти Тоҷикистон тавони ҷилавгирӣ аз боло рафтани нархҳо дар бозори дохилиро дорад? Ва метавонад аз афзоиши фақр ва буҳрони иҷтимоӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кунад?

Ба эътиқоди Нуриддин Қаюмов, Маркази пажӯҳиши иҷтисоди Тоҷикистон, давлат аз тавони ҷилавгирӣ аз болоравии қимати маводи ғизоӣ бархурдор нест. Ба ин далел, ки Тоҷикистон бахши аъзами анвоъи маводи хурокаро аз дигар кишварҳо ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG