Як созмони байналмилалӣ мегӯяд, тайи тақрибан ду моҳи охир дастикам 15 узви "Шоҳидони Яҳво", як ҷараёни мамнӯи насронӣ дар Тоҷикистон, ҳангоми ибодат дар хонаҳояшон боздошт ва бозпурсӣ шудаанд.
- "Форум 18", ки дар бораи маҳдудияти озодиҳои динӣ дар кишварҳои Шӯравии собиқ гузориш медиҳад, охири ҳафтаи гузашта навишт, "амалиёт"-и зидди аъзои "Шоҳидони Яҳво" дар Хуҷанду Конибодом гузашт. Қаблан низ пайравони "Шоҳидони Яҳво" дар шимоли Тоҷикистон боздошт ва бозпурсӣ шуда буданд.
Мақомот мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст.
"Бозпурсӣ то 14 соат идома кард"
Ба иттилои манбаъ, маъмурони милиса аъзои боздоштшудаи "Шоҳидони Яҳво"-ро аз 20 дақиқа то 14 соат бозпурсӣ кардаанд. Созмони "Форум 18" бо такя ба манобеаш иддао дорад, ки дар натиҷаи бозпурсии пайиҳами дурӯза "як зан ба сактаи мағзӣ дучор шуд". Чизе, ки мақомот дурустии онро тасдиқ намекунанд ва изҳори бехабарӣ менамоянд.
"Мақомот, инчунин, телефону компютери шахсӣ ва шиносномаи баъзе аз онҳоро мусодира кардааст", - навиштааст Мушфиқ Байрам, муаллифи матлаб дар вебсайти "Форум 18".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Либоси ҳарбӣ намепӯшам"-и як пайрави Шоҳидони Яҳво бо ним соли зиндон тамом шудСозмон рейди мақомоти милиса алайҳи аъзои "Шоҳидони Яҳво"-ро "идомаи таъқибу фишор болои ақаллиятҳои динӣ" номидааст. Ин созмон мегӯяд, бар хилофи эъломияи Созмони Милал алайҳи шиканҷа, Тоҷикистон мансабдоронеро, ки ба чунин кор даст мезананд, ба ҷавобгарӣ намекашад.
Баръакс, ба қавли созмон, маъмурони милиса аъзои "Шоҳидони Яҳво"-ро дар шимоли кишвар маҷбур кардаанд, то хаттӣ нависанд, ки шиканҷа нашудаанд.
Мақомоти дин: Хабар надорем
Пайравони "Шоҳидони Яҳво" ба далели он ки фаъолияти созмон дар кишвар мамнӯъст, ошкоро суҳбат намекунанд. То ин дам онҳо ҳозир нашуданд, қазияро ба мо нақл кунанд, чун аз бадтар шудани вазъи худ нигаронанд.
Муҳсин Миркамолов, сардори идораи дин дар ҳукумати Хуҷанд, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бозпурсӣ ва шиканҷаи пайравони "Шоҳидони Яҳво"-ро тасдиқ карда наметавонад. Ӯ гуфт, маъмурони милиса дар ин маврид ба масъулони умури дин чизе нагуфтаанд.
Ҳамин тавр, масъули умури дин дар ҳукумати Конибодом аз боздошту бозпурсии пайравони созмони "Шоҳидони Яҳво" изҳори бехабарӣ кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Озодии дин-2017. Тоҷикистон дар феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии хос"Вале дар гузашта як мақоми идораи дин дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки фаъолияти созмони "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон манъ карда шудааст ва барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна нишасту бархости ин ҷараёни масеҳӣ чора меандешанд.
"Шоҳидони Яҳво" чаро аз саҳнаи динии Тоҷикистон берун шуд?
Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" аз соли 2007 дар Тоҷикистон мамнӯъст. Мақомот мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.
"Шоҳидони Яҳво" дар нимаи дувуми асри 18 дар Амрико таъсис шуд ва дар аввал ба он фақат пажӯҳишгарони Инҷил шомил буданд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор пайрави дини масеҳӣ ба сар мебаранд. Калисои православии рус бузургтарин созмони масеҳии Тоҷикистон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон баптистҳо, католикҳо, Адвентистҳои рӯзи ҳафтум, протестантҳои куриёӣ ҳам ба сар мебаранд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни нави дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.
Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико соли 2018 дар гузориши солонааш Тоҷикистонро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" шомил кард.