Бурҷанадзе порлумони Гурҷистонро тарк мекунад

Нино Бурҷанадзе, раиси порлумони Гурҷистон

Нино Бурҷанадзе, яке аз меъморони инқилоби садбаргии Гурҷистон аз ширкат дар ин интихоботи порлумонии ин кишвар худдорӣ кард.

Хонум Бурҷанадзе ҳоло раиси порлумони Гурҷистон аст ва интизор мерафт, ки вай дар сархатти феҳристи ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо изҳороти вай дар бораи адами ширкаташ дар интихобот ғайричашмдошт буд. Вай гуфт, "ман тасмим гирифтам, ки дар интихоботи 21-уми май номзадиамро пешбарӣ накунам. Ин тасмим ниҳоист ва тағйир нахоҳад кард. Ман мехоҳам бовар кунам ва бовар ҳам дорам, ки ин кишвар аз роҳи дуруст пеш хоҳад рафт ва ҷомеъаи мо арзишҳои наву демократиро бидуни сарфи назар аз арзишҳои қобили қабули гузашта ба вуҷуд хоҳад овард. Ман бовар дорам, ки ҷомеъаи мо интихоби дуруст мекунад ва мо бо қадамҳои дурусту сареъ роҳи худро идома медиҳем".

Дар ҷараёни як конфронси хабарӣ, ки аз тариқи телвизион пахш шуд, Нино Бурҷанадзе ба ёрони сиёсиаш комёбӣ хост ва гуфт, ки вай ба тарафи мухолифон нахоҳад гузашт. Аммо вақте, ки аз вай сабаби чунин тасмимашро пурсиданд, вай он гуна суҳбат мекард, ки гуё эҳсосоти дугона дошт. Вай гуфт, "бо вуҷуди машваратҳои ҷиддиву тулонӣ ва душвор, муттаасифона, имкон пайдо нашуд барои такмили феҳристи Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ ба созиш расем. Ман фикр мекунам, ки ин фоҷеъа нест ва дар ҳар кишвари демократӣ рух медиҳад. Ин кори хушоянд нест ва фоҷеъа ҳам нест. Ин кор буҳрони сиёсӣ, давлатӣ ё ягон навъи дигар буҳроне дар пай нахоҳад ва набояд дошт".

Бурҷанадзе солҳои тулонӣ дар арсаи сиёсати Гурҷистон аз чеҳраҳои аслӣ ба шумор мерафт. Вай як ҷо бо Михоил Саакашвилӣ ва Зураб Жвания дар соли 2003 раҳбарии инқилоби садбаргиро бар душ доштанд. Ин ҷунбиш президент Эдвард Шеварднадзеро аз қудрат барканор кард ва Саакашвилии ҷонибдори Ғарбро ба курсӣ нишонд. Зураб Жвания мақоми нахуствазириро бар уҳда гирифт. Чунин раванд барои Бурҷанадзе имкон дод, ки вай раёсати порлумонро бар уҳда бигирад.

Дар ду маврид вай раёсати ҷумҳуриро низ бар уҳда гирифт. Як бор дар соли 2003, вақте, ки Шеварднадзе аз мақом барканор шуд ва дафъаи дигар қабл аз интихоби дубораи Саакашвилӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2007. Бурҷанадзе барои тавозуни нуфуз бар Саакашвилӣ эътибори муҳим дорад. Баъд аз эъломияи вай президент Саакашвилӣ изҳори умед кард, ки Бурҷанадзе ба сиёсат бармегардад.

Михаил Саакашвилӣ гуфт, "ман мефаҳмам, ки чаро вай чунин тасмим гирифт. Албатта, ман аз тасмими вай хушнуд нестам ва ман мехоҳам ба шумо бигуям, ки Нино барои ман шахси хеле-хеле муҳим аст. Вай Гурҷистонро дуст дорад. Мо солҳо паҳлуи ҳам будем. Ду дафъа дар мушкилтарин марҳала семати раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт ва тавонист аз роҳи гузори сулҳомез ба субот даст ёбад".

Қабл аз ин хонум Бурҷанадзе аз таъйиноти Саакашвилӣ ҳам дар мавриди феҳристи интихоботӣ ва ҳам дар мавриди тақсими мақомҳо дар кобина изҳори норизоятӣ кард ва гуфт, вайро аз машваратҳои кобина канор задаанд. матбуъоти гурҷистон ин тасмими Бурҷанадзеро такондиҳанда, ғайричамдошт ва асрорангез хондааст.