Мақомоти Русия дастур доданд, ки интиқоли газ ба Аврупо аз тариқи Украина аз сар гирифта шавад.
Як намояндаи ширкати "Газпром"-и Русия мегӯяд, интиқоли газ ба самти Туркия, Молдова ва кишварҳои Балкан, ки Русия манбаъи асосии гази онҳост, шурӯъ шудааст. Аммо "Газпром", ки мегӯяд, як миқдор газро барои озмоиш ба лӯлаҳо сар додааст, аллакай Украинаро барои мумониат ба гузариши ин газ айбдор кард. Тафсилоти бештарро дар ин бора аз ҳамкорамон Салими Аюбзод мешунавем:
Пас аз як ҳафтаи баҳс бо Украина ва шикояти бахши бузурги Аврупо, ки бо бастани лӯлаҳо Маскав сардиҳои Сибири худро ба Аврупо фиристодааст, Русия интиқоли газро дубора оғоз кард. Аммо эҳтимол Сибир дар Аврупо боз як рӯзи дигар то расидани ин газ давом кунад ва аллакай Русия Украинаро айбдор намуд, ки пеши роҳи транзити газро ба Аврупо гирифтааст.
Иттиҳом дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия, Украина ва Иттиҳоди Аврупо ба созиш расидаанд, ки дар пойгоҳҳои фиристанда ва пазиранда ва ҳамчунин масири интиқоли газ дар Украина ва бахше аз қаламрави Русия нозиронро бигзоранд. Нозирон, ки намояндагони ширкатҳои гази се ҷониб мебошанд, аз ҳаҷми газ дар нуқоти муайян гузориш медиҳанд.
Раиси ширкати "Газпром"-и Русия Алексей Миллер мегӯяд, агар дида шавад, ки ҳаҷми гази равонкардаи Русия то марзи Украина аз ҳаҷми газе ки дар марзи Иттиҳоди Аврупо берун меояд, камтар аст, "Газпром" ҳаҷми умумии газро ба ҳамон андоза коҳиш хоҳад дод. Миллер, ки ба тозагӣ аз гуфтушунидҳо дар Бруссел баргаштааст, дар мулоқот бо сарвазири Русия, Владимир Путин гуфт, Иттиҳоди Аврупо аз ин мавзеъгирии Русия
огоҳ аст. Вай афзуд: "Манзур баргирифти беиҷозаи газ аст, қатъи назар бо чӣ баҳона. Тибқи созишномаи транзит тамоми газе, ки Федерасиюни Русия то марзи Украина мерасонад, бояд сад дар сад ба марзҳои ғарбии Украина барои муштариёни аврупоии мо расонда шавад."
Иттиҳоди Аврупо аз шурӯъи интиқоли газ истиқбол кард ва ҳам изҳори умедворӣ намуд, ки мушкил бо ҳамин ҳал шудааст. Раиси Кумисюни Аврупо, Жозе Мануел Баррозо гуфт, ғайри қобили қабул аст, ки шаҳрвандони Аврупо аз газе, ки кайҳо пулашро додаанд, бенасиб бошанд ва дар сармо ба сар баранд.
Бӯҳрони газ аз кашокаши байни Русия ва Украина дар охири соли гузашта сар шуд ва Маскав дар ибтидо интиқоли газ барои Украинаро қатъ кард. Аммо чанд рӯз баъд аз якуми январ интиқоли газ барои муштариён дар Иттиҳоди Аврупо низ қатъ шуд. Ин газ аз тариқи Украина ба Аврупо мерасид ва Маскав Киевро дар рабоиши он айбдор кард. Киев то ҳол ин иттиҳомотро рад мекунад.
Аз чор як ҳиссаи гази худро Аврупо солона аз Русия мегирад ва 80 дарсади он бо қаламрави Украина ба Аврупо мерасад. Зиёда аз 15 кишвар аз қатъи маҷрои газ осеб диданд ва дар Булғористон мактабҳо таътил шудаву Словакия таҳдид кард, ки нерӯгоҳи басташудаи ҳастаии худро аз нав фаъол хоҳад кард.
Бӯҳрон сабаби ҷаласаи фавқулодаи вазирони Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел гардид ва онҳо масъалаи аз масирҳои гуногун гирифтани газро баррасӣ мекунанд, то Аврупо дигарбора ба чунин бӯҳрон наафтад.