Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи газ барои аҳолӣ 50 дарсад меафзояд


Аз январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нархи гази табиӣ барои истеъмолкунандагон 50 дарсад боло меравад.

Ба иттилоъи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, аз 1-уми январи соли равон қиммати ҳазор метри мукааби газ барои сокинони кишвар 1060 сомонӣ, муодили 305 долларро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли ҷорӣ ҷониби Тоҷикистон газро аз Узбакистон бо нархи 240 доллар барои ҳар як ҳазор метри мукааб харидорӣ мекунад.

Тибқи қарори вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, нархи газ барои ширкатҳои саноатии кишвар, аз қабили «Талко», «Тоҷиказот» ва «Тоҷиксемент», 283 доллар барои ҳазор метри мукааб таъин шудааст.

Соли 2008 аҳолии Тоҷикистон барои ҳазор метри мукааби газ 198-долларӣ пардохт мекард, зеро Узбакистон гази худро бо нархи арзонтар, яъне 145 доллар, ба Тоҷикистон мефурухт. Ҳоло ин нарх ба 240 доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG