Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ахиран сарвазири Укроин Юлия Тимошенко дар сӯҳбати телефонӣ бо раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ба вуруди фаврии нозирони Иттиҳоди Аврупо ба Укроин ба хотири мусоидат дар ҳалли моҷарои газии миёни Маскаву Киев розӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, сарвазири Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои чехаш Мирек Тополанек гуфт, Русия ҳанӯз интиқоли газ ба Укроин ба хотири транзити ин маводи сӯхт ба кишварҳои аврупоиро қатъ накардааст. Ҳамзамон, сарвазири Русия афзуд, ки агар Киев дар наздиктарин фурсат транзити гази Русия ба Аврупоро эҳё накунад, Маскав ба ҷуз қатъи интиқоли газ ба марзҳои Укроин чорае надорад.
Дар ҳамин ҳол,бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод аз ширкатҳои “Газпром” ва “Нафтогаз Укроин” ҳалли фаврии моҷаро ва эҳёи гуфтушунидро талаб карданд. Мирек Тополанек, сарвазири Ҷумҳурии Чех, садри даврии Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд, ки “агар интиқоли газ то рӯзи 8 январ барқарор нашавад, Иттиҳоди Аврупо аз чораҳои шадид кор хоҳад гирифт”. Ва аммо ӯ нагуфт, ки манзураш - кадом чораҳои шадид аст. Дар ҳамин ҳол, Ҳавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо низоъ миёни Русия ва Укроинро чун “низоъи сиёсӣ” арзёбӣ кард.
Ба назар мерасад, ки вазъи ба вуқуъпайваста кишварҳои аврупоиро воқеъан ҳам нигарон кардааст. Дар Булғористон, яке аз кишварҳои пойбанди гази Русия, баъд аз қатъи интиқоли газ тавассути Укроин иддае аз мактабҳо ва ширкату муассисаҳо баста шуданд. Сергей Станишев, сарвазири Булғористон дар як нишасти хабарӣ дар София нигарониҳоеро иброз дошт, ки имрӯзҳо хоси бахши аъзами кишварҳои аврупоист. Ӯ гуфт, ки “тақрибан ҳама Иттиҳоди Аврупо, ба вижа, кишварҳои ҷанубу шарқи Аврупо гаравгони низоъ миёни "Газпром” ва Украина шуданд ва ин ғайри қобили қабул аст”.
Рӯзи 6 январ аз чаҳор лӯлае, ки гази табиии Русияро аз тариқи Укроин ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медоданд, сетояш маҳкам карда шуданд. Субҳи 7 январ интиқоли газ аз тариқи лӯлаи чаҳорум низ қатъ гардид. Мақомоти Укроин дар қатъи интиқоли газ Русияро ва Маскав дар навбати худ дар мушкили содироти газ ба Аврупо Киевро муттаҳам карданд.
Айни ҳол дасти кам даҳ кишвари аврупоӣ таъйид намудаанд, ки аз истифодаи гази Русия маҳруманд. Туркия ва кишварҳои нимҷазираи Балкан аз коҳиши ҷиддии интиқоли гази табиии Русия хабар доданд. Аз Белград иттилоъ расид, ки интиқоли газ ба манзилҳо коҳиш ёфтааст, то дар сурати қатъи барқ ва тулонӣ шудани “моҷарои газ” Сербия захираи кофии газ дошта бошад. Дар Босния бошад, ба гуфтаи Адис Салкис, сухангӯи ширкати гази Сараево, раванди гузаштан ба манбаъҳои алтернативии энержӣ шурӯъ шудааст. Ҷумҳурии Чех музокирот бо Маскав оид ба интиқоли гази Ямал ба кишвар аз тариқи лулаеро шурӯъ кардааст, ки аз хоки Белорус ва Лаҳистон убур мекунад. Маҷористон эълом дошт, ки ба хотири таъмини манзили мардум бо газ интиқоли ин маводи сӯхт ба корхонаҳои саноатиро маҳдуд кардааст.
Коршиносон мегӯянд, мушкил он қадар жарф шудааст, ки тавофуқ миёни Русия ва Укроин ба зудӣ ҳосил нахоҳад шуд. Ширкати “Газпром” ӯҳдадор шудааст, содироти газ ба кишварҳои аврупоӣ аз тариқи ду лулаи дигарро, ки аз қаламрави Украина убур намекунанд, афзоиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, сарвазири Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои чехаш Мирек Тополанек гуфт, Русия ҳанӯз интиқоли газ ба Укроин ба хотири транзити ин маводи сӯхт ба кишварҳои аврупоиро қатъ накардааст. Ҳамзамон, сарвазири Русия афзуд, ки агар Киев дар наздиктарин фурсат транзити гази Русия ба Аврупоро эҳё накунад, Маскав ба ҷуз қатъи интиқоли газ ба марзҳои Укроин чорае надорад.
Дар ҳамин ҳол,
Сарвазири Булғористон: “Тақрибан тамоми Иттиҳоди Аврупо, гаравгони низоъ миёни "Газпром” ва Украина шудаанд”