"Ҷавоб ба ин суол возеҳ аст - дастрасӣ ба маводи хом. Чун иқтисоди Чин хеле зуд рушд мекунад, эҳтиёҷ ба маводи хом низ барқосо афзоиш меёбад. Кишварҳои Осиёси Марказӣ дорои як силсила маводи хоманд, ки табъан Чин ба ин мавод ниёз дорад. Ба ҳамин далел Чин мехоҳад дар ин минтақа бештар сармоягузорӣ кунад".
Осиёи Марказӣ дорои захоири ғанӣ ва дастнахурдаи нафту газ аст. Бештари онҳо дар Қазоқистон ва Туркманистон ҷойгиранд ва Чин талош дорад онро ҳар чӣ зудтар ба моли худ табдил диҳад. Ҳануз дар охири солҳои 1990-ум Чин муваффақ шуд, ки бо Остона дар бораи эҳдоси лулаи 965 километрии нафт аз ғарби Қазоқистон то Чин ба тавофуқ бирасад. Ин лула то андозае дар баъзе қисматҳо фаъол шудааст.
Вале баъд аз ду-се соли оянда вақте, ки он комилан мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, дар он сурат метавонад соле ҳудуди 20 миллион тонна нафт ба Чин интиқол диҳад. Арзиши сохтмони ин лула 700 миллион долларро ташкил медиҳад. Чунин ба назар мерасад, ки сохтмони он тибқи нақша пеш меравад, он гуна, ки тақрибан даҳ соли пеш пешбинӣ шуда буд. Воридоти нафти Қазоқистон ба Чин бахше аз нақшаҳои Чин аст, ки бад-ин тартиб мехоҳад барои худ ҳам роҳҳои содироти нафтро дар чанд самт боз кунад ва ҳам роҳҳои воридотро.
Ҳоло тақрибан 80 дарсади нафт аз хатти миёни Малайзия ва Индонезӣ тавассути киштиҳо ба Чин ворид мешавад. Гарет Лезер мегуяд, бо назардошти чунин вазъ лулаи нафти Қазоқистон ба нафъи ҳар ду кишвар аст. Чин дар ин кишвар дар бахшҳои бунёдӣ, аз қабили сохтмони роҳҳо сармоягузорӣ мекунад, то аз ин роҳҳо маводи хомро ба Чин кашонад. Қазоқистон ҳам имкон пайдо мекунад, ки маводи хоми худро аз ин роҳҳо ба фуруш расонад.
Сохтмони лулаи гази Туркманистон-Чин яке дигар аз тарҳҳои муҳимест, ки Чин дар Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунад. Дарозии ин лула 7 ҳазор километрро ташкил медиҳад ва аз шарқи Туркманистон то ба Шонгҳой мерасад. Сохтмони он соли 2006 бо Узбакистону Қазоқистон низ ҳамоҳанг шуда буд ва аз интиқоли тронзитии газ ин кишварҳо низ даромад ба даст меоранд.
Чин дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ тарҳҳое ба иҷро мерасонад. Бонки воридоту содироти Чин сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшонро сармоягузорӣ мекунад. Ин тарҳ 300 миллион долларро ташкил медиҳад. Гурӯҳи маъодини Зиҷини Чин ба нақша гирифтааст, ки дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон барои ҷустуҷу ва истихроҷи тилло 100 милён доллар сармоягузорӣ кунад.
Чин ҳамчунин дар сохтмони роҳҳои оҳани миёни Узбакистону Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад. Лезер мегуяд, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин нисбат ба ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ барояшон муфидтар аст: «Қарзҳои Чин ё сармоягузориҳояш дар зербино бидуни ҳеҷ сарборӣ меояд. Дар гузашта кишварҳо ба Сандуқи Байнулмиллалии Пул ё ба ҷойҳое аз қабили Иттиҳодияи Аврупо ё Амрико такя мекарданд ва чунин сармояҳо ё қарзҳо бо муқаррароти мушаххаси иқтисодӣ ё сиёсӣ меомаданд. Ҳоло ин кишварҳо ба сармоягузории Чин майл доранд, зеро он ҳеҷ сарборӣ ё уҳдадорӣ надорад. Ба ҳамин сабаб сармоягузории Чин дар ин кишварҳо бо камоли майл пазируфта мешавад".
Лезер мегуяд, акнун ки истихроҷи нафту газ ва тавлиди нерӯи барқи обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тоза шуруъ мешавад, ин кишварҳо барои муддати тулонӣ дар симои Чин ҳамкори раҳбурдии худро мебинанд. Ба гуфтаи оқои Лезер, то 30 соли дигар рушди Чин метавонад идома пайдо кунад ва тайи ин муддат Чин ба манобеъи энержӣ ниёз дорад ва кишварҳои содиркунандаи энержӣ низ аз ин кор суд мебарад.
Бо вуҷуди ин ҳеҷ як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намехоҳад зери нуфӯзи Чин биравад. Ба ҳамин далел онҳо ҳамзамон мехоҳанд ҳам бо Русия ва ҳам бо кишварҳои Ғарбӣ ҳамкорӣ кунанд. Мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд барои расидан ба истиқлоли иқтисодӣ бо Чин ҳамкорӣ кунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд аз лиҳози иқтисодӣ пойбанди Чин бошанд.