Тақозои 25 миллион доллар барои Тоҷикистон

Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба хотири кӯмак ба Тоҷикистон, ки дар сармои қаҳратуни имсола гирифтори бӯҳрони амиқи энержӣ шуд, бештар аз 25 миллион доллар кӯмак кунанд. Созмони Миллал мегӯяд, ин 25 миллион доллар барои имдод ба 2 миллион нафар, ки аз асароти мухталифи сармои имсола ранҷ мебаранд, масраф хоҳад шуд ва ҳамчунин барои омодагӣ ба обхезиҳое, ки бо гармтар шудани ҳаво эҳтимолан ба вуқӯъ мепайвандад. Тоҷикистон тайи се даҳсолаи ахир бори аввал шоҳиди чунин сармои қаҳратун шуд. Дар баъзе аз ноҳияҳо ҳаво то 25 дараҷа сард гашта ва тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи бузургтарини кишвар ба ҳадди ниҳоӣ кам шуд. Бар асоси арзёбиҳо хисороти ворида аз сармо 250 миллион долларро ташкил медиҳад.