Боздошти боз ду гумонбари ҳамла дар фурудгоҳ

Дар Фаронса ду гумонбари ташкили ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадрид боздошт шуданд. Бар асари ин ҳамла, ки моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд, ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бодоштшудагон аъзои ЭТА - гурӯҳи ифротгарои баскҳоянд. Қаблан дар худи Испания ду гумонбари дигари ин ҳамлаи террористӣ боздошт шуда буданд.