Нигарониҳо аз омодагиҳо ба интихоботи Покистон

Иттиҳодияи Аврупо аз ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Покистон изҳори нигаронӣ кардааст. Қарор аст, ки ин маъракаи сиёсӣ рӯзи 18 феврал доир шавад. Нозирони Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Покистон даъват кардаанд, ки кори комиссиюнҳои интихоботиро беҳбуд бахшанд ва маҳбусони сиёсиро озод кунанд.

Ахиран Додбони ҳуқуқи башар – Ҳуман Райтс вотч низ раванди омодагӣ ба интихоботи парлумонии Покистонро интиқод кард. Ба иттилоъи ин созмон, Комиссиюни Марказии Интихобот шикоятҳо дар бораи қонуншиканиҳо, аз ҷумла, боздошт ва тарсонидани фаъолони аҳзоби мухолифро нодида мегирад.