Дар Юнон коршикании кормандони муассисаҳои давлатӣ шурӯъ шуд. Қарор аст, ки ин амали эътирозӣ як шабонарӯз идома кунад. Имрӯз нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҳаракат бозмонда, дари бонкҳо, бархе аз бемористонҳо ва дигар муассисаҳо баста аст. Ба коршиканӣ ҳамчунин иддае аз ҳуқуқдонҳо ва кормандони расонаҳои хабарӣ ҳамроҳ шудаанд.
Коршинканӣ аз сӯи иттиҳодияҳои коргарӣ ба нишони эътироз алайҳи тарҳи ислоҳоти бознишастагӣ созмон дода шудааст.